Ҷузъиёти набарди дарпешистодаи Шавкат Раҳимов маълум шуд

© RCC Boxing PromotionsБоксер Шавкат Рахимов
Боксер Шавкат Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2023
Обуна шудан
Федератсияи байналмилалии бокс барои гирифтани ҷои аввал ва бо қаҳрамони ин созмон Ҷо Кордина муборизаи интихобӣ таъин кардааст
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Санаи баргузории қувваозмоии муштзани тоҷик Шавкат Раҳимов ва Эдуардо Нунезии мексикоӣ муайян шуд.
Дар ин бора Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки собиқ қаҳрамони ҷаҳон Шавкат Раҳимов феълан дар раддабандии муштзанҳо дар зинаи севум қарор дорад. Дар ҳоле ки рақибаш дар ҷои чаҳорум аст.
Ҳамин тавр, IBF барои гирифтани ҷои аввал ва мубориза бо қаҳрамони созмон Ҷо Кордина муборизаи интихобӣ таъин кард.
"Ба намояндагони Раҳимов ва Нунес барои гуфтушунид то 13 ноябр мӯҳлат дода шуд", - гуфтанд дар Федератсияи байналмилалии бокс.
Қаблан промоутер Герман Титов аз RCC Boxing хабар дода буд, ки рақиби муштзани тоҷик Шавкат Раҳимов бояд рақами шашуми рейтинг - филиппинӣ Чарли Суарес бошад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран муштзан Шавкат Раҳимов дар пайи набард бо Ҷо Кординаи уэлсӣ дар вазни сабук унвони қаҳрамони IBF-ро ҳифз карда натавонист.
Бар асоси натоиҷи 12 раунд пирӯзӣ ба муштзани уэлсӣ бо як қарори доварон дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Раҳимов нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон мебошад, ки ин унвонро дар вазни нимсабуки дуюм дар риштаи IBF соҳиб гардида буд
Шавкат Рахимов и Джо Кордина бой за титул чемпиона IBF в легком весе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Бояд мусовӣ эълон мешуд: мураббии тоҷик дар бораи сабқати Раҳимов
Ҳамин тариқ, Раҳимов дар 19 сабқати касбӣ ҳамагӣ як шикаст дошта, 17 бор ғолиб омада, танҳо як набардро бо мусовӣ анҷом додааст.
Шавкат Раҳимов 14 августи соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Дар нимаи аввали соли 2010 дар ҳайати дастаи бокси Тоҷикистон ширкат карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолибу ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалии ҳаваскорон буд.
Вай инчунин собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба чемпиони IBF (2019-2021) ва қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF дар вазни нимсабук (2017-2019) мебошад.
Лентаи хабарҳо
0