https://sputnik.tj/20231102/hamoish-baynalmillali-zabon-pul-dusti-rusiya-tojikiston-khujand-1060296861.html
Дар Хуҷанд ҳамоиши байналмиллалӣ дар бораи забони русӣ доир мешавад
Дар Хуҷанд ҳамоиши байналмиллалӣ дар бораи забони русӣ доир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар заминаи баргузории ин ҳамоиш олимон, мудирони макотиб ва омӯзгорони Русияу Тоҷикистон таҷрибаи худро дар ташкили таълими босифат мубодила мекунанд
2023-11-02T16:45+0500
2023-11-02T16:45+0500
2023-11-02T16:45+0500
дар тоҷикистон
маориф
русия
ҳамкорӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060296051_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_fd4606e0c80dd25231ee65057e5da50f.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Анҷумани таълимии байналмиллалии “Забони русӣ – пули дӯстии Русия ва Тоҷикистон” дар мактаби тоҷикию русии ба номи А. П. Чехов дар Хуҷанд оғоз гардид. Шоира Ишматова, муовини директори мактаби мазкур дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳамоиши таълимӣ бо иштироки устодону забоншинос ва омӯзгорони макотиби Русия ва Тоҷикистон ҷараён дорад. Ректори донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой низ барои иштирок дар он ба Хуҷанд ташриф овардааст. Бино ба гуфти ӯ, қарор аст ин анҷуман ду рӯз идома кунад ва фардо 3 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров платформаи интерактивӣ барои донишҷӯён боз карда шавад. Ба ин тартиб дар мактаби тоҷикӣ – русии шаҳри Хуҷанд дарсҳои кушод бо иштироки магистрантҳои Донишгоҳи Олтой баргузор мешавад. Рӯзи 3 ноябр миёни иштирокдорон баргузории ҷаласаи методӣ дар мавзӯи “Ташаккули системаи кори баланд бардоштани сифати таълим ба забони русь” дар назар дошта шудааст. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой бо супориши Вазорати маорифи Федератсияи Русия ва мусоидати Вазорати маорифи Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.
https://sputnik.tj/20231007/tojikiston-khonanda-zabon-tojiki-tahsil-1059835872.html
русия
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060296051_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_b710e4e7ca5605ace7df40a1bbda40fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд ҳамоиш байналмиллал забони русӣ
хуҷанд ҳамоиш байналмиллал забони русӣ
Дар Хуҷанд ҳамоиши байналмиллалӣ дар бораи забони русӣ доир мешавад
Дар заминаи баргузории ин ҳамоиш олимон, мудирони макотиб ва омӯзгорони Русияу Тоҷикистон таҷрибаи худро дар ташкили таълими босифат мубодила мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Анҷумани таълимии байналмиллалии “Забони русӣ – пули дӯстии Русия ва Тоҷикистон” дар мактаби тоҷикию русии ба номи А. П. Чехов дар Хуҷанд оғоз гардид.
Шоира Ишматова, муовини директори мактаби мазкур дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳамоиши таълимӣ бо иштироки устодону забоншинос ва омӯзгорони макотиби Русия ва Тоҷикистон ҷараён дорад.
Ректори донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой низ барои иштирок дар он ба Хуҷанд ташриф овардааст.
“Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ усул ва шаклҳои ташкилии баланд бардоштани ҳавасмандгардонии омӯзиши забони русӣ дар макотиб бо ташкили кружокҳои мубоҳисавӣ миёни муаллимони Тоҷикистону Русия баргузор шавад” – зикр кард, Ишматова.
Бино ба гуфти ӯ, қарор аст ин анҷуман ду рӯз идома кунад ва фардо 3 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров платформаи интерактивӣ барои донишҷӯён боз карда шавад.
Ба ин тартиб дар мактаби тоҷикӣ – русии шаҳри Хуҷанд дарсҳои кушод бо иштироки магистрантҳои Донишгоҳи Олтой баргузор мешавад.
Рӯзи 3 ноябр миёни иштирокдорон баргузории ҷаласаи методӣ дар мавзӯи “Ташаккули системаи кори баланд бардоштани сифати таълим ба забони русь” дар назар дошта шудааст.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой бо супориши Вазорати маорифи Федератсияи Русия ва мусоидати Вазорати маорифи Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.