Тӯфони чангу ғубор се минтақаи Тоҷикистонро фаро мегирад

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Обуна шудан
Ҳавои чанголуд қисмати зиёди ноҳияҳои тобеи марказ, бархе аз навоҳии вилояти Хатлон ва ҳамчунин шаҳри Душанберо фаро хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи наздик ҳавои чанголуд пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитиа ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар дод.
"Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст", - омадааст дар огоҳиномаи Оҷонсӣ.
Дар робита ба бад шудани вазъи ҳаво манбаъ аз меҳмонон ва шаҳрвандон хоҳиш намуд, ки махсусан нисбати беморони гирифтори бемориҳои дилу раг ва гипертония эҳтиёткор бошанд.
Ботанический сад Боги Ирам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳавои моҳи охири тирамоҳ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд
Илова бар ин, КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони сайру сайёҳат хотиррасон намуд, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя намоянд.
Манбаъ ҳушдор медиҳад, ки дар чунин вазъи ҳаво эҳтимоли резиши санг низ пешгӯӣ мешавад.
Мақомот ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки дар ҳавои чанголуд аз гаштугузори зиёд дар кӯчаҳо, махсусан дар наздикии роҳҳои серҳаракат худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0