https://sputnik.tj/20231101/kiev-anjom-nizo-khabar-dahshatbor-1060263616.html
Киев дар бораи анҷоми низоъ хабари даҳшатбор гирифт
Киев дар бораи анҷоми низоъ хабари даҳшатбор гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои хориҷӣ менависад, ки Ғарб ба шикасти Украина манфиатдор аст, зеро аз ибтидо дар ин низоъ ба пирӯзии Киев шартгузорӣ накарданд
2023-11-01T10:34+0500
2023-11-01T10:34+0500
2023-11-01T17:31+0500
украина
амният ва мудофиа
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058000129_0:20:3072:1748_1920x0_80_0_0_6715f014ea68b55a3d9f0a2fe9d8014c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар ибтидо дар муноқишаи Украина Ғарб ба пирӯзии Киев такя намекард, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба нашрияи лаҳистонии Onet. Ба гуфтаи муаллиф, ин далелро тасдиқ мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гоҳ аз интиқоли чунин системаҳои аслиҳа ё ба он миқдор, ки метавонад боиси шикасти нерӯҳои Русия шавад, ҷонибдорӣ намекунад. Орзуҳои давлатҳои алоҳида дар бораи паст задани чеҳраи Русия ба пояҳои сиёсати ҷаҳонӣ мухолиф аст, зеро ин кишвар вазни аз ҳад зиёд дорад.Ҳамин тариқ, ин варианти шикасти бечунучарои Маскав дар муноқишаи Украинаро ғайриимкон мекунад, хулоса мекунад муаллифи мавод. Ёдовар мешавем, ки аз аввали моҳи июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош доранд, ки дар самтҳои Запороже, Донетски ҷанубӣ ва Артемовск пешравӣ карда, ба воҳидҳои ҷангӣ, ки аз ҷониби НАТО тамрин ва мусаллаҳ шудаанд, партоянд.Аммо, чунон ки Владимир Путин қайд кард, онҳо натавонистанд дар ягон бахши фронт ба муваффақияти назаррас ноил шаванд.Ба гуфтаи раиси вазорати дифоъи Русия, Сергей Шойгу, дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ артиши Украина беш аз 90 ҳазор низомии кушта ва захмӣ, ҳудуди 600 танк ва 2 ҳазор мошини зиреҳпӯшро талаф додааст. Дар ин замина расонаҳои ғарбӣ бештар менависанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он дар НАТО аз низоъҳои Украина хаста шудаанд ва пуштибонӣ аз режими Зеленский заиф мешавад. Худи раиси ҷумҳури Украина низ изҳори нигаронӣ кардааст, ки ташдиди авзоъ дар Ховари Миёна хатари таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро аз даргириҳои Украина дур мекунад. Бар хабари Axios, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, даҳҳо ҳазор аслиҳаи барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷудошударо ба Исроил ирсол кунад. Раиси нави Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Майк Ҷонсон хостори тақсими дархост барои 105 млрд доллар кумак ба Исроил ва Украина шуд ва ҳамчунин аз Кохи Сафед талаб кард, ки дар бораи маблағҳои сарфшуда барои Киев гузориш диҳад.
https://sputnik.tj/20231031/ima-notavoni-artish-ukraina-guftand-1060247093.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058000129_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_69d2ad21a1bfda25d758084e8eccdf3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижа украина
Киев дар бораи анҷоми низоъ хабари даҳшатбор гирифт
10:34 01.11.2023 (Навсозишуда: 17:31 01.11.2023) Расонаҳои хориҷӣ менависанд, ки Ғарб ба шикасти Украина манфиатдор аст, зеро аз ибтидо дар ин низоъ ба пирӯзии Киев шартгузорӣ накард
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар ибтидо дар муноқишаи Украина Ғарб ба пирӯзии Киев такя намекард, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба нашрияи лаҳистонии Onet.
" Элитаи амрикоӣ дар мавриди имдодрасонӣ ба Украина фикри муштарак надорад <…> ин шояд аз нокомии Украина дарак медиҳад ва ё ин ки мағлубияти онҳо қаблан дар Вашингтон тарҳрезӣ шуда буд", - гуфта мешавад дар нашрия.
Ба гуфтаи муаллиф, ин далелро тасдиқ мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гоҳ аз интиқоли чунин системаҳои аслиҳа ё ба он миқдор, ки метавонад боиси шикасти нерӯҳои Русия шавад, ҷонибдорӣ намекунад.
Орзуҳои давлатҳои алоҳида дар бораи паст задани чеҳраи Русия ба пояҳои сиёсати ҷаҳонӣ мухолиф аст, зеро ин кишвар вазни аз ҳад зиёд дорад.
Ҳамин тариқ, ин варианти шикасти бечунучарои Маскав дар муноқишаи Украинаро ғайриимкон мекунад, хулоса мекунад муаллифи мавод.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали моҳи июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош доранд, ки дар самтҳои Запороже, Донетски ҷанубӣ ва Артемовск пешравӣ карда, ба воҳидҳои ҷангӣ, ки аз ҷониби НАТО тамрин ва мусаллаҳ шудаанд, партоянд.
Аммо, чунон ки Владимир Путин қайд кард, онҳо натавонистанд дар ягон бахши фронт ба муваффақияти назаррас ноил шаванд.
Ба гуфтаи раиси вазорати дифоъи Русия, Сергей Шойгу, дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ артиши Украина беш аз 90 ҳазор низомии кушта ва захмӣ, ҳудуди 600 танк ва 2 ҳазор мошини зиреҳпӯшро талаф додааст.
Дар ин замина расонаҳои ғарбӣ бештар менависанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони он дар НАТО аз низоъҳои Украина хаста шудаанд ва пуштибонӣ аз режими Зеленский заиф мешавад.
Худи раиси ҷумҳури Украина низ изҳори нигаронӣ кардааст, ки ташдиди авзоъ дар Ховари Миёна хатари таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро аз даргириҳои Украина дур мекунад.
Бар хабари Axios, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, даҳҳо ҳазор аслиҳаи барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷудошударо ба Исроил ирсол кунад. Раиси нави Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Майк Ҷонсон хостори тақсими дархост барои 105 млрд доллар кумак ба Исроил ва Украина шуд ва ҳамчунин аз Кохи Сафед талаб кард, ки дар бораи маблағҳои сарфшуда барои Киев гузориш диҳад.