https://sputnik.tj/20231101/donishgoh-tojikiston-chin-hamkori-gustarish-1060267953.html
Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо ба роҳ мондани омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
2023-11-01T13:00+0500
2023-11-01T13:00+0500
2023-11-01T13:00+0500
дар тоҷикистон
чин
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060262896_0:42:800:492_1920x0_80_0_0_15db06d79d8a1a45e405398111547590.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳамтои худ аз Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Чин, хонум Ҷон Илей мулоқот кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе дар бинои донишгоҳи бузургтарини кишвар баргузор шуд.Ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи донишгоҳҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф ҳарф зада, ҳамчунин доир ба роҳандозии робитаҳо дар самти барномаҳо табодули афкор намуданд.Ректорони ин ду донишгоҳ омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин иброз дошта, ҳамчунин омӯзиши забони чинӣ, ташкили курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байнулмилалиро баррасӣ кардаанд.Пас аз вохӯрӣ меҳмонони чинӣ таҳти роҳбарии ректори ДМТ бо Осорхонаи Президенти Тоҷикистон, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, шинос шуданд.
https://sputnik.tj/20231002/iftitohi-markazi-zaboni-belorusi-va-tekhnologiyai-innovatsioni-dar-dmt-1059742636.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060262896_45:0:756:533_1920x0_80_0_0_f437ce9e5634b529e42caafa47aff33c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмт тоҷикистон чин маориф
дмт тоҷикистон чин маориф
Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Ҷонибҳо ба роҳ мондани омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳамтои худ аз Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Чин, хонум Ҷон Илей мулоқот кард.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе дар бинои донишгоҳи бузургтарини кишвар баргузор шуд.
Ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи донишгоҳҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф ҳарф зада, ҳамчунин доир ба роҳандозии робитаҳо дар самти барномаҳо табодули афкор намуданд.
Ректорони ин ду донишгоҳ омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин иброз дошта, ҳамчунин омӯзиши забони чинӣ, ташкили курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байнулмилалиро баррасӣ кардаанд.
Пас аз вохӯрӣ меҳмонони чинӣ таҳти роҳбарии ректори ДМТ бо Осорхонаи Президенти Тоҷикистон, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, шинос шуданд.