Маълулон дар Тоҷикистон чӣ мушкил доранд: посухи вазорат

© Sputnik Темурали Наврузов
Темурали Наврузов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Обуна шудан
Созмони байналмилалии муҳоҷират дар пайи як таҳқиқот ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки тартиби гирифтани мақоми маъюбии расмӣ содда карда шавад
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба масъалаи маъюбон ҳамаҷониба расидагӣ мешавад, аммо ҳаст дар ин самт мушкилоте боқӣ мондаанд, ки бояд ҳаллу осонтар карда шавад.
Дар ин бора Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ зимни як ҳамоиш дар Душанбе оид ба муҳоҷирони маъюб ба ватан баргашта изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, яке аз мушкилот гирифтани гурӯҳи маъюбӣ аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузаштан аст.
Вай афзуд, ки тасдиқ аз ҷониби бахшҳои ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ ё шаҳрӣ ё шӯъбаҳои Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ройгон гузаронида мешавад. Барои аз муоина гузаштан шахси маъюб, бояд бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ намуда, ба комиссия пешниҳод намояд.
"Ҷамъоварии ин ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирони бозгашта ва дигар шаҳрвандоне, ки дар манотиқи дурдасти деҳоти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хеле душвор буда, тартиби гирифтани маъюбии расмӣ риояи расмиятҳои зиёдеро тақозо мекунад, ки барои маъюб дар баъзе ҳолатҳо ғайри имкон мебошад", - афзуд мавсуф.
Монеаи ҷиддӣ ба гуфти Камолов, набудани муассисаҳои тиббӣ ва мутахассисон дар деҳот мебошад, бинобар ин барои гузаштан аз ташхис ва ба расмиёти тиббию маъмурӣ даровардани маъюбӣ, як қатор мушкилиҳои иловагиро ба бор меорад, аз ҷумла: роҳи дароз то маркази маъмурӣ, дастрасии ҷуғрофӣ, сарфи маблағ ва вақт.
Дар робита ба ин Созмони байналмилалии муҳоҷират низ дар пайи як таҳқиқот ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки тартиби гирифтани мақоми маъюбии расмӣ бо роҳи коҳиш додани таъхирҳои ҳуҷҷатнигорӣ, зиёд кардани мӯҳлати тамдиди маъюбии гурӯҳҳои I ва II, сода карда шавад.
Ҳамчун пешниҳод кардааст, ки навсозӣ ва тағйир додани меъёрҳои муайян кардани маъюбӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазор маълул расман сабти ном шудааст ва барои хадамот ба онҳо 220 муассиса ва шӯъбаҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0