Раиси Хатлон арзу дархости сокинонро шунида ба мақомдорон супориш дод

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонРаиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
Обуна шудан
Сокинони ноҳияи Панҷ аз раиси вилоят дар созтмони мактуба бунгоҳ, оби ошомиданӣ тақсими одилонаи замини наздиҳавликӣ кудак талаб карданд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар ношияи Панҷ қабули сайёри шаҳрвандон аз сӯи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон баргузор шуд.
Дар ин бора котиботи раиси вилоят хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят ба иттилои сокинон расонд, ки онҳо ҳақ доранд бо ин ё он мушкилии худ ба мақомдорон дар дилхоҳ вақту замон муроҷиат кунанд.
"Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад", - изҳор дошт раиси вилоят дар мулоқот бо сокинон.
Манбаъ меафзояд, сокинон аз раиси вилоят дархост намуданд, ки дар сохтмони муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи ҷамоати деҳоти Меҳвармусоидат кунад.
Ҳамчунин ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, ташкил намудани гармхона дар деҳаи Фарғона, тоза кардани каналу заҳбурҳо дар ҷамоати деҳоти Панҷ, надоштани хатти обпарто дар хонаҳои баландошёна дар шаҳраки Панҷ низ аз масъалаҳое буданд, ки мавриди суҳбати раис бо мардум қарор гирифт.
Супоридани мукофотҳои давлати ба фаъолони вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Раиси Хатлон ба фаъолони вилоят мукофот дод
Илова бар ин, сокинони Панҷ Давлаталӣ Саид аз мушкили об дар ҷамоати деҳоти Намуна ва маҳаллаи Ойтудаш, сохтани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сомонӣ ва иваз кардани симчӯбҳои барқ дар шаҳраки Панҷро дархост намуданд.
Гуфта мешавад, пас аз шунидани арзу дархостҳои сокинони раиси вилоят ба масъулину мақомдорон ҷиҳати баррасӣ ва расидагӣ супоришу дастурҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0