Раҳмон ба Тоқаев номаи ҳамдардӣ ирсол кард

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмона
Президент Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
Обуна шудан
Роҳбари давлат дар робита ба фоҷиаи маргбор дар кони Костенко, ки боиси кушта шудани беш аз 20 нафар гардид, номаи ҳамдардӣ ирсол кард
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон унвонии ҳамтои қазоқи худ номаи ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, президент барои рух додани садамаи маргбор дар кони Костенко, ки боиси кушта шудани беш аз 20 конкан гардид, номаи ҳамдардӣ фиристод.
"Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид", - омадааст дар номаи роҳбари давлат.
Президент гуфт, "мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем".
Эмомал Раҳмон аз номи худ ва кулли мардуми Тоҷикистон ба пайвандони фавтидагон таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон шифои комилу оҷил хост.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Қазоқистон дар робита ба ин фоҷиа дар сартосари кишвар мотами миллӣ эълон кард.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
Тоқаев мотами миллӣ эълон кард
Тибқи маълумоти ахир, дар ин ҳодисаи нохуш дасти кам 28 конкан ҷон бохта, ҷустуҷӯи 18 нафари дигар идома дорад.
Фоҷиа дар кони Костенко замоне рух дод, ки дар он ҷо 252 конкан қарор доштаанд ва беш аз 200 нафарашон зинда берун оварда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0