https://sputnik.tj/20231028/marzi-tojikiston-uzbekiston-qochoq-mavod-mukhaddir-1060199434.html
Ҷилавгириӣ аз қочоқи бузурги маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
Ҷилавгириӣ аз қочоқи бузурги маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон дар ҷараёни амалиёт 39,4 кг ҳероин, 35,7 кг афюн ва 14,5 кг ҳашиш мусодира гардид
2023-10-28T13:58+0500
2023-10-28T13:58+0500
2023-10-28T14:16+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046708198_0:149:640:509_1920x0_80_0_0_90c3f6481a7e0f7b7cafe4740130f62c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ (КДАМ) ва нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон дар марз бо Тоҷикистон як анбори маводи мухаддирро кашф карданд. Дар ин бора дар дафтари матбуоти ин ниҳод хабар дод.Гуфта мешавад, вазни умумии маводи мухаддири кашфшуда ҳудуди 90 кг аст.Манбаъ меафзояд, махфигоҳи маводи мухаддирро кормандони Хадамоти амнияти давлатии вилояти Сурхондарё якҷоя бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ошкор намудаднд.Гуфта мешавад, ҷамъан 39,4 кг ҳероин, 35,7 кг афюн ва 14,5 кг ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.Хадамоти иктишофӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир нерӯҳои амниятӣ барои муайян кардани соҳибони маводи мухаддир кор мекунанд. Қаблан Русия барои идомаи лоиҳаи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо карда буд. Ҳамин тавр, бахшида ба оғози марҳилаи дуввуми ин иқдом дар Душанбе мизи гирд баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа натоиҷи марҳилаи аввали лоиҳа, ки дар ҷараёни он созмони ҷавонон дар Осиёи Марказӣ барои мубориза бо истеъмоли маводи мухаддир таъсис дода шуд, баррасӣ шудааст. Он аз 25 нафар, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон иборат буд. Дар ҳоле ки марҳилаи дувуми лоиҳа барои солҳои 2023-2024 пешбинӣ шуда, тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро фаро мегирад. Ҳадафи барнома иртиботи созмон бо мақомоти давлатӣ ва пешбурди равишҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда ва ба далелҳо асосёфта барои пешгирии истеъмоли маводи мухаддир мебошад.
https://sputnik.tj/20231024/spad-muboriza-mavod-mukhaddir-marz-tojikiston-afghoniston-purzur-1060133127.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046708198_0:89:640:569_1920x0_80_0_0_56dfff7678fd584aa47bab9f40e15d28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ӯзбекистон маводи мухаддир
тоҷикистон ӯзбекистон маводи мухаддир
Ҷилавгириӣ аз қочоқи бузурги маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
13:58 28.10.2023 (Навсозишуда: 14:16 28.10.2023) Ба иттилои Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон дар ҷараёни амалиёт 39,4 кг ҳероин, 35,7 кг афюн ва 14,5 кг ҳашиш мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ (КДАМ) ва нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон дар марз бо Тоҷикистон як анбори маводи мухаддирро кашф карданд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти ин ниҳод хабар дод.
Гуфта мешавад, вазни умумии маводи мухаддири кашфшуда ҳудуди 90 кг аст.
"Вазни умумии маводи мухаддири ошкоршуда 89,69 килоро ташкил медиҳад", - таъкид кардааст Хадамоти амнияти давлатӣ.
Манбаъ меафзояд, махфигоҳи маводи мухаддирро кормандони Хадамоти амнияти давлатии вилояти Сурхондарё якҷоя бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ошкор намудаднд.
Гуфта мешавад, ҷамъан 39,4 кг ҳероин, 35,7 кг афюн ва 14,5 кг ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Хадамоти иктишофӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир нерӯҳои амниятӣ барои муайян кардани соҳибони маводи мухаддир кор мекунанд.
Қаблан Русия барои идомаи лоиҳаи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо карда буд.
Ҳамин тавр, бахшида ба оғози марҳилаи дуввуми ин иқдом дар Душанбе мизи гирд баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа натоиҷи марҳилаи аввали лоиҳа, ки дар ҷараёни он созмони ҷавонон дар Осиёи Марказӣ барои мубориза бо истеъмоли маводи мухаддир таъсис дода шуд, баррасӣ шудааст. Он аз 25 нафар, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон иборат буд.
Дар ҳоле ки марҳилаи дувуми лоиҳа барои солҳои 2023-2024 пешбинӣ шуда, тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро фаро мегирад. Ҳадафи барнома иртиботи созмон бо мақомоти давлатӣ ва пешбурди равишҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда ва ба далелҳо асосёфта барои пешгирии истеъмоли маводи мухаддир мебошад.