https://sputnik.tj/20231027/tojikiston-chin-iqtidor-guzargoh-kulma-qarasu-afzoish-1060187805.html
Тоҷикистон ва Чин қасд доранд, иқтидори гузаргоҳи "Кулма-Қаросу"-ро афзоиш диҳанд
Тоҷикистон ва Чин қасд доранд, иқтидори гузаргоҳи "Кулма-Қаросу"-ро афзоиш диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқот дар Бишкек Қоҳир Расулзода ва Ли Тсян ба масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла шарикии стратегӣ дахл карданд.
2023-10-27T17:05+0500
2023-10-27T17:05+0500
2023-10-27T17:40+0500
дар тоҷикистон
чин
қоҳир расулзода
сиёсат
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045408411_0:38:500:319_1920x0_80_0_0_931f3b5551268abd697718f59d3f8db9.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тақвият хоҳанд дод. Дар ин бора дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян изҳори назар сурат гирифт. Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт. Ҷонибҳои Тоҷикистону Чин ба масъалаҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат дахл карданд. Онҳо ҳамзамон афзоиши ҳаҷми содирот, сармоягузории мустақим ва тавсеаи фаъолият дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)-ро баррасӣ карданд. Расулзода ва Ли Тсян вазифаҳоеро, ки бояд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо дар заминаи иқтисоди рақамӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳал шаванд, баррасӣ карданд. Дар ин дидор ҳамзамон масъалаи зиёд кардани иқтидори гузаргоҳи "Кулма — Қаросу" ба миён гузошта шуд. Дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба амнияти минтақа ва авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя баррасӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20230927/tojikiston-chin-hamkori-tibbi-khalqi-sanoa-dorusozi-taqviyat-1059622279.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045408411_0:0:444:333_1920x0_80_0_0_e69cab43a977bc6bc1c9681e17c8ee2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон чин иқтидор гузаргоҳ "кулма-қарасу" афзоиш
тоҷикистон чин иқтидор гузаргоҳ "кулма-қарасу" афзоиш
Тоҷикистон ва Чин қасд доранд, иқтидори гузаргоҳи "Кулма-Қаросу"-ро афзоиш диҳанд
17:05 27.10.2023 (Навсозишуда: 17:40 27.10.2023) Дар мулоқот дар Бишкек Қоҳир Расулзода ва Ли Тсян ба масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла шарикии стратегӣ дахл карданд.
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тақвият хоҳанд дод.
Дар ин бора дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян изҳори назар сурат гирифт.
Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт.
Ҷонибҳои Тоҷикистону Чин ба масъалаҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат дахл карданд.
Онҳо ҳамзамон афзоиши ҳаҷми содирот, сармоягузории мустақим ва тавсеаи фаъолият дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)-ро баррасӣ карданд.
Расулзода ва Ли Тсян вазифаҳоеро, ки бояд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо дар заминаи иқтисоди рақамӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳал шаванд, баррасӣ карданд.
Дар ин дидор ҳамзамон масъалаи зиёд кардани иқтидори гузаргоҳи "Кулма — Қаросу" ба миён гузошта шуд.
Дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба амнияти минтақа ва авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя баррасӣ шудааст.