Суғду Бодканд чӣ миқдор мол муомилот карданд: омор

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон / Султан Досалиевфлаги Таджикистана и Кыргызстана
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон асосан тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоятҳои Суғду Бодканд сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон савдои мол сурат гирифт.

Дар ин бора сардори Сарраёсати агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Накҳатзода Ҳокимбек ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳаҷми гардиши савдо миёни Суғд ва Қирғизистон давоми моҳҳои январ – сентябр ба андозаи 229, 2 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.
"Аз ин ҳиссаи содирот 105, 2 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11, 5 % аст. Саҳми молҳои воридшуда бошад ба 124 ҳазор доллар баробар аст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5, 2 % ро ташкил медиҳад”, - гуфт, сардори идораи омор.
Таджикистан и Кыргызстан определили границу протяженностью около 14 километров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 14 км марзро муайян намуданд
Бар пояи маълумоти манбаъ, дар ин давра аз вилояти Суғд ба Қирғизистон қувваи барқ содир шуда ва аз ин кишвар ба ҳисоби нерӯи барқ инчунин обгармкунанкҳои барқӣ (электрокипитилник) ворид шудааст.
Гузаргоҳҳои сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2021 ба ин тараф баста аст.
Гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Қирғизистон асосан тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоятҳои Суғд ва Ботканд сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0