https://sputnik.tj/20231027/rasulzoda-vazir-khoriji-pokiston-casa-1000-barrasi-1060182765.html
Расулзода бо вазири хориҷии Покистон CASA-1000-ро баррасӣ кард
Расулзода бо вазири хориҷии Покистон CASA-1000-ро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Покистон дурнамои ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф бо таваҷҷуҳи вижа ба энержӣ баррасӣ карданд
2023-10-27T13:45+0500
2023-10-27T13:45+0500
2023-10-27T13:45+0500
дар тоҷикистон
покистон
casa-1000
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817637_0:0:2990:1682_1920x0_80_0_0_41ad869feada3dc4f1327dece5a6c8a6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Покистон хусусиятҳои ҳамкорӣ дар тарҳи CASA-1000-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ сухан рафт. Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ баррасӣ карданд. Расулзода ва Ҷелонӣ ба энергетика, бахусус, ба вижагиҳои ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳи CASA-1000 таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Дар мулоқот ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистони ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Тарҳи CASA-1000 интиқоли 1000-1300 МВт нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути Афғонистон ба Покистонро дар бар мегирад. Интизор меравад, ки 70% интиқол дар ин хат аз ҷониби Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон анҷом дода шавад. Кишварҳои иштирокчии CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ) Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.
https://sputnik.tj/20221214/vazi-afghonistonu-anjomi-loihai-casa-1000-rahmon-va-sharif-chiro-barrasi-kardand-1053531802.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817637_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_a741b058ed5ec502e7108fd4de36d225.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
расулзода вазир хориҷӣ покистон casa-1000-ро баррасӣ
расулзода вазир хориҷӣ покистон casa-1000-ро баррасӣ
Расулзода бо вазири хориҷии Покистон CASA-1000-ро баррасӣ кард
Сарвазири Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Покистон дурнамои ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф бо таваҷҷуҳи вижа ба энержӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Покистон хусусиятҳои ҳамкорӣ дар тарҳи CASA-1000-ро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ сухан рафт.
Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ баррасӣ карданд.
Расулзода ва Ҷелонӣ ба энергетика, бахусус, ба вижагиҳои ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳи CASA-1000 таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистони ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарҳи CASA-1000 интиқоли 1000-1300 МВт нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути Афғонистон ба Покистонро дар бар мегирад.
Интизор меравад, ки 70% интиқол дар ин хат аз ҷониби Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон анҷом дода шавад.
Кишварҳои иштирокчии CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ) Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.