Донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар Арабистони Саудӣ таҳсил кунанд: тафсилот

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкМедицинский университет им. И.М. Сеченова
Медицинский университет им. И.М. Сеченова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони дарёфти бурсҳои махсус барои таҳсил дар муассисаҳои олии Арабистони Саудӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таҳсил ба донишҷӯён дар Тоҷикистон бурсия ҷудо кардааст.
Дар ин бора аз Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, ҷавонони Тоҷикистон метавонанд барои таҳсил дар бахшҳои менеҷмент ва маъмурият, иқтисод ва технологияҳои IT кумакпулӣ гиранд.
Студенты занимаются русским языком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Беш аз 90% довталабони таҳсил аз Суғд Русияро интихоб мекунанд
Ҳамчунин, шаҳрвандони кишвар метавонанд дар муассисаҳои таълимии Арабистони Саудӣ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф дар бахшҳои кишоварзӣ, технология ва муҳандисӣ, илмҳои риёзӣ ва фарҳанг таҳсил кунанд.
Довталабоне, ки мехоҳанд ба кишвар Шоҳигарӣ сафар кунанд, метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ба муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” муроҷиат кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон лоиҳае амалӣ мешавад, ки дар чаҳорчӯби он ҷавонон ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0