Амалиёти заминӣ дар Ғазза мешавад ё на? Исроил дар интихоб миёни шикасту пирӯзӣ

© AP / Ohad ZwigenbergИзраильские военные около Ашкелона
Израильские военные около Ашкелона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Нетаняҳу сар аз оғози даргириҳо ҳарф аз амалиёти заминӣ мезанад, аммо бо гузашти қариб се ҳафта аз саршавии он ҳарфе нест ва замонашро низ касе намедонад.
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз имзои нақшаи ниҳоии амалиёти заминӣ дар Ғазза, ки аз ҷониби фармондеҳии артиши Исроил таҳия шудааст, худдорӣ кард, менависад рӯзномаи амрикоии The New York Times бо такя ба манобеяш.
"Фармондеҳи артиши Исроил аллакай нақшаи ниҳоии ҳамларо таҳия кардааст, аммо Нетаняҳу аз имзои он сарпечӣ карда, афсарони баландрутбаро ба хашм овардааст", - навиштааст нашрия бо истинод ба ҳамсӯҳбатоне, ки хостори ифшо нашудани номаш монданд.
Дар мавод гуфта мешавад, ки яке аз сабабҳо он аст, ки Нетаняҳу мехоҳад, ки амалиёти изтирорӣ аз аъзои ҳукумати изтирорӣ, ки пас аз ҳамлаи Ҳамос ташкил шуда буд, якдилона тасдиқ шавад.
Обстрел сектора Газа со стороны Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Ҳамос: Русия метавонад дар хатми ҷанг дар Ғазза нақши муҳим бозад
Ҳафтаи равон The Wall Street Journal хабар дод, ки артиши Исроил барои амалиёти заминӣ дар Ғазза дар як тамрингоҳе, ки монанди як деҳаи маъмулии фаластинӣ сохта шудааст, омодагӣ мегирад.
Тавре рӯзноманигорон қайд мекунанд, "Газаи хурд" соли 2006 ҳамчун маркази таълимӣ сохта шуда буд, ки иншоот ба нерӯҳои заминии Исроил тааллуқ дорад. Он 600 инфрасохторро дар бар мегирад, ки барои омода кардани низомиён ба амалиёти ҷангӣ дар нақбҳо, масҷидҳо ва бозорҳо пешбинӣ шудаанд.
Нетаняҳу сар аз оғози даргириҳо ҳарф аз амалиёти заминӣ мезанад, аммо ҳамакнун бо гузашти қариб се ҳафта аз саршавии он ҳарфе нест ва замонашро низ касе намедонад.
Қаблан ИМА шарики аслии Телавив дар ин низоъ ба Нетаняҳу маслиҳат дода буда, ки ҳоло амалиётро оғоз накунад.
Ба гуфтаи коршиносон агар чунин амал сурат гирад, ҷанг дурудароз хоҳад буд, ки ин барои Вашингтон умуман мусоид нест, зеро даргирӣ дар ин нуқта дар баробари Украина барои ИМА миёншикан хоҳад буд.
Аз ҳамин хотир аст, ки Иёлоти Муттаҳида амалиёти заминиро ҳарчи мехоҳад ба ақиб андозад.
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев провел заседание межведомственной комиссии Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Медведев изҳороти Байденро дар бораи кӯмак ба Украина ва Исроилро шадидан шарҳ дод
Ин аст, ки ба наздикӣ The New York Times низ навишт, ки Кохи Сафед мехоҳад Исроил амалиёти заминии худро ба таъхир гузорад ва CNN бошад, ба маълумоте такя кардааст, ки артиши ИМА талош дорад Исроилро мутмаин созад, ки зарурати ҳамлаи фарогири заминӣ ба Ғазза вуҷуд надорад.
Ҳамзамон Вашингтон бо назардошти тавоноиҳои Исроил медонад, ки ҷанг барои ӯ дар Ғазза осон нахоҳад буд. Зеро Ҳамос солҳост ба ин ҷанг омодагӣ мебинад ва барои ҳар қадами эҳтимолии исроилӣ алакай посухи муносиб омода шудааст.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки артиши Исроил барои пирӯзӣ бояд ҳам дар рӯи замин ва ҳам дар зери замин биҷанганд, ки пурталаф ва пирӯзӣ дар он пешгӯинашаванда аст.
Лентаи хабарҳо
0