Тоҷикистон дар "Abu Dhabi Grand Slam-2023" ноком монд - видео

Обуна шудан
Рӯзи саввуми мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam-2023" низ барои Тоҷикистон ягон умедбахш нашуд, зеро ҳар ду ҷудокори тоҷик аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд
Мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam-2023" барои Тоҷикистон бидуни комёбӣ анҷом ёфт.
Дар се рӯзи ин мусобиқа ягон тан аз ҷудокорони тоҷик натавонистанд пирӯзи ба даст орванд.
Рӯзи Саввуми мусобиқа Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Маҷидов ва Эмомризо Анварзода дар вазни 100 кг ва беш аз он намояндагӣ карданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, Маҷидов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз ҷудокори озарӣ шикаст хӯрд.
Ҳамчунин мусобиқаи Анварзода низ аз даври дуюм оғоз ёфт ва ӯро намояндаи Австрия мағлуб кард.
Бурду бохти Маҳмадбеков ва Хоҷазода дар "Abu Dhabi Grand Slam-2023" - видео
Ҳамин тавр, барои ҷудокорони тоҷик мусобиқаи мазкур бидуни натиҷаи назаррас анҷом ёфт.
Рӯзи 25 октябр Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода ба майдони набард омаданд. Якумӣ дар даври сеюм мағлуб шуд ва дуввуми бошад дар даври аввал аз дасти ҳарифаш шикст хӯрд.
Дирӯз, дар рӯзи дуюми мусобиқа умедҳои Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода мағлуб шуда буданд. Умедҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур маҳз ҳамин ҷудокорон буданд, ки бидуни натиҷаи назаррас мусобиқаро ба анҷом расониданд.
Дар рӯзи аввали ин собиқа низ Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷеббов натавонистанд натиҷаи хуб нишон диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0