https://sputnik.tj/20231026/mushtzan-tojik-qazoqiston-davr-nimanihoi-1060167046.html
Муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд
Муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Се муштзани навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиёии бокс тавонистанд ҳарифони худро мағлуб кунанд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд
2023-10-26T14:37+0500
2023-10-26T14:37+0500
2023-10-26T14:37+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
бокс
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102971/56/1029715638_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_3de98c8796185a1ddad77c2585b83c2f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Дар Қазоқистон ҳоло қаҳрамонии Осиёи бокс ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 нафар, аз ҷумла 13 наврас ва 11 ҷавон намояндагӣ мекунанд.Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар дод.Манбаъ афзуд, ки аз миёни наврасони тоҷик аллакай се нафар: Ҷаҳонгир Камолов, Мансурхуҷа Муминов ва Билолҷон Иксанов дар вазнҳои аз 46 то 50 кг ҳарифони худро мағлуб намуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ҳамвор каданд.Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамонии Осиёии бокс дар Қазоқистон то 3 ноябр идома меёбад.Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, дар чемпионат миёни наврасон 220 варзишгар аз ҷумла 147 писар ва 73 духтар ва миёни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) ширкат доранд. Ҳоло дар асоси нақша то рӯзи 29 октябр рақобатҳои муқаддамотӣ сурат мегиранд.Пасон аз 30 то 31 октябр муҳорибаҳои нимфиналӣ ва 2-3 ноябр финал баргузор мегардад.Маврид ба зикр аст, ки ин шабу рӯз дар Арабистон тоскулоҳи бузург идома дорад ва аллакай нисфи зиёди ҷудокорони тоҷик дучори шикаст шуданд.Рӯзҳои якум ва дуюми ин мусобиқа барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20231025/burd-bokht-grand-slam-1060154853.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102971/56/1029715638_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d742bba69ea6484027eb86250ad4d25d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон муштзанҳо тоҷик
қазоқистон муштзанҳо тоҷик
Муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд
Се муштзани навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиёии бокс тавонистанд ҳарифони худро мағлуб кунанд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Дар Қазоқистон ҳоло қаҳрамонии Осиёи бокс ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 нафар, аз ҷумла 13 наврас ва 11 ҷавон намояндагӣ мекунанд.
Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки аз миёни наврасони тоҷик аллакай се нафар: Ҷаҳонгир Камолов, Мансурхуҷа Муминов ва Билолҷон Иксанов дар вазнҳои аз 46 то 50 кг ҳарифони худро мағлуб намуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ҳамвор каданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамонии Осиёии бокс дар Қазоқистон то 3 ноябр идома меёбад.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, дар чемпионат миёни наврасон 220 варзишгар аз ҷумла 147 писар ва 73 духтар ва миёни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) ширкат доранд.
Ҳоло дар асоси нақша то рӯзи 29 октябр рақобатҳои муқаддамотӣ сурат мегиранд.
Пасон аз 30 то 31 октябр муҳорибаҳои нимфиналӣ ва 2-3 ноябр финал баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ин шабу рӯз дар Арабистон тоскулоҳи бузург идома дорад ва аллакай нисфи зиёди ҷудокорони тоҷик дучори шикаст шуданд.
Рӯзҳои якум ва дуюми ин мусобиқа барои ҷудокорони тоҷик бидуни натиҷа анҷом ёфт.