https://sputnik.tj/20231026/muhriddin-tojikiston-sarvat-tabii-1060170298.html
Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон омодааст сарватҳои табииро бо дигарон қисмат кунад
Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон омодааст сарватҳои табииро бо дигарон қисмат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба иқтидори гидроэнергетикии кишвар ишоа намуда, зикр кард, ки барои ҳамкории мутақобилан мешавад онро бо дигарон қисмат кард
2023-10-26T18:39+0500
2023-10-26T18:39+0500
2023-10-26T18:42+0500
дар тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054444241_0:362:1177:1024_1920x0_80_0_0_50f6b8ce3ed01eed41bbe0819f4aa8f5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тоҷикистон метавонад захираҳои табиии худро барои ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳо тақсим кунад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар форуми Global Gate изҳор дошт. Вай гуфт, Тоҷикистон аз унсурҳои нодири замин бой аст, ки кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ба он ниёз доранд. Дипломати тоҷик зимни суханронии худ ба иқтидори гидроэнергетикии кишвар ишора карда, онро “яке аз муҳимтарин самтҳои гузариши сабз ва манбаи асосии тавлиди гидрогени сабз” хонд. Ёдовар мешавем, ки ташаббуси Global Gateway моҳи ноябри соли 2022 пешниҳод шуда буд. Он кишварҳоеро дар бар мегирад, ки дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат, технология ва ғайра сармоягузорӣ мекунанд. Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои ҷаҳон оид ба масъалаҳои гузариши сабз, долонҳои нақлиётӣ, маориф ва тандурустӣ табодули назар мекунанд.
https://sputnik.tj/20231026/tojikiston-iqtidor-nerugoh-afzoish-1060158743.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054444241_137:344:1092:1060_1920x0_80_0_0_75e4eb76da411b44668d1400b92198eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сарватҳои табиӣ
тоҷикистон сарватҳои табиӣ
Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон омодааст сарватҳои табииро бо дигарон қисмат кунад
18:39 26.10.2023 (Навсозишуда: 18:42 26.10.2023) Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба иқтидори гидроэнергетикии кишвар ишоа намуда, зикр кард, ки барои ҳамкории мутақобилан мешавад онро бо дигарон қисмат кард
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тоҷикистон метавонад захираҳои табиии худро барои ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳо тақсим кунад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар форуми Global Gate изҳор дошт.
Вай гуфт, Тоҷикистон аз унсурҳои нодири замин бой аст, ки кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ба он ниёз доранд.
Дипломати тоҷик зимни суханронии худ ба иқтидори гидроэнергетикии кишвар ишора карда, онро “яке аз муҳимтарин самтҳои гузариши сабз ва манбаи асосии тавлиди гидрогени сабз” хонд.
"Тоҷикистон бо қабули Стратегияи "Иқтисоди сабз" барои гузариш ба иқтисоди сабз замина гузошт ва ният дорад, ки то соли 2050 истеҳсоли нерӯи барқро аз манбаъҳои таҷдидшаванда ду баробар афзоиш диҳад", - иброз дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси Global Gateway моҳи ноябри соли 2022 пешниҳод шуда буд. Он кишварҳоеро дар бар мегирад, ки дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат, технология ва ғайра сармоягузорӣ мекунанд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои ҷаҳон оид ба масъалаҳои гузариши сабз, долонҳои нақлиётӣ, маориф ва тандурустӣ табодули назар мекунанд.