Тасвирбаёни таҳсилу таътили хонандаҳо дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон санаҳои мушаххаси таътилҳо дар соли таҳсили ҷориро эълон кард, ки тирамоҳияш 10 рӯз давом хоҳад кард
Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз 1 то 10-уми ноябр таътили тирамоҳӣ хоҳад буд, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, муҳассилин ба истироҳат мераванд.
Таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд, афзуд Вазорат.
Беш аз 90% довталабони таҳсил аз Суғд Русияро интихоб мекунанд
Дар Тоҷикистон барои хонандагон ҳар фасл таътил пешбинӣ шуда, тирамоҳӣ аз 1 то 10 ноябр, зимистона аз 1 то 10 январ, баҳорӣ аз 25 то 31 март ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август давом мекунад.
Дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он ширкат хоҳанд кард. Сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва аллакай дар таътили тирамоҳӣ олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0