https://sputnik.tj/20231025/tarh-nav-bonki-avruosiyoi-rushd-iiao-1060140745.html
Чӣ гуна тарҳҳои нави Бонки авруосиёии рушд барои ҳамгироии ИИАО мусоидат мекунанд?
Чӣ гуна тарҳҳои нави Бонки авруосиёии рушд барои ҳамгироии ИИАО мусоидат мекунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд ду лоиҳаи нави рақамии байналмилалиро дастгирӣ кард, ки ба ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунанд
2023-10-25T10:18+0500
2023-10-25T10:18+0500
2023-10-25T10:18+0500
иқтисод
иттиҳоди иқтисодии уросиё
бонки авруосиёгии рушд
тарҳ
рақамӣ
ииао
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817449_0:0:3291:1851_1920x0_80_0_0_8d18cf20d0400fb737f02bc6a977a640.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тарҳҳои наве, ки Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд дастгирӣ кард, ба таҳкими ҳамгироӣ дар саноати сабук, инкишофи малакаи мутахассисон равона гардидаанд. Ин нукта зимни пули видеоии Маскав – Остона – Бишкек – Ереван – Минск – Тошканд дар мавзӯи "Лоиҳаҳои нави Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд: ҳамгироии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё" баён шуд. Платформаҳои нав ба идомаи ҳамкориҳои кишварҳои ИИАО мусоидат хоҳанд кард, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои Бонки авруосиёии рушд, масъули Фонди ташаббусҳои рақамии бонк, Тигран Саркисян."Мо борҳо таъкид карда будем, ки ҳадафи асосии мо фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва соҳибкорони иттиҳодия мебошад, ки лоиҳаҳои мазкур маҳз ҳамин мушкилотро ҳал мекунанд", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи вай, дар замони муосири таҳаввулот, такмили ихтисос ва соҳиб шудан ба малакаҳои нав вазифаи ниҳоят муҳим аст.Самти дуюм тиҷорат аст, зеро платформаи байналмилалӣ дар соҳаи саноати сабук имкон медиҳад, ки робитаҳои ҳамкорӣ дар тамоми ИИАО бо истифода аз технологияҳои муосир густариш дода шаванд. Онҳо барои корхонаҳо, аз ҷумла барои корхонаҳои хурду миёна шароити мусоид фароҳам меоранд, ки тавассути платформаи рақамӣ метавонанд дар бозори фурӯш шарикон пайдо кунанд. Ҳамин тариқ, платформа самаранокии саноати сабукро дар тамоми ИИАО ба таври назаррас афзоиш медиҳад, таъкид намуд Саркисян.
https://sputnik.tj/20231021/sozishnoma-tijorati-ozod-iiao-eron-imzo-1060074509.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058817449_378:0:3109:2048_1920x0_80_0_0_1777cf997eb7744a229d1961de4c1c98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рақамӣ, таҳким, ҳамгироӣ, бонк, авруосиё, мусоидат
рақамӣ, таҳким, ҳамгироӣ, бонк, авруосиё, мусоидат
Чӣ гуна тарҳҳои нави Бонки авруосиёии рушд барои ҳамгироии ИИАО мусоидат мекунанд?
Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд ду лоиҳаи нави рақамии байналмилалиро дастгирӣ кард, ки ба ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тарҳҳои наве, ки Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд дастгирӣ кард, ба таҳкими ҳамгироӣ дар саноати сабук, инкишофи малакаи мутахассисон равона гардидаанд.
Ин нукта зимни пули видеоии Маскав – Остона – Бишкек – Ереван – Минск – Тошканд дар мавзӯи "Лоиҳаҳои нави Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд: ҳамгироии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё" баён шуд.
Платформаҳои нав ба идомаи ҳамкориҳои кишварҳои ИИАО мусоидат хоҳанд кард, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои Бонки авруосиёии рушд, масъули Фонди ташаббусҳои рақамии бонк, Тигран Саркисян.
"Мо борҳо таъкид карда будем, ки ҳадафи асосии мо фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва соҳибкорони иттиҳодия мебошад, ки лоиҳаҳои мазкур маҳз ҳамин мушкилотро ҳал мекунанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар замони муосири таҳаввулот, такмили ихтисос ва соҳиб шудан ба малакаҳои нав вазифаи ниҳоят муҳим аст.
"Барномаи WorldSkills, аз ҷумла дар фазои Иттиҳод самаранокии худро собит кардааст. Платформаи рақамӣ, ки ба кор андохта мешавад, дастрасии шаҳрвандони ИИАО-ро ба имкони такмили маҳорати касбии худ осон мекунад", - изҳор дошт Саркисян.
Самти дуюм тиҷорат аст, зеро платформаи байналмилалӣ дар соҳаи саноати сабук имкон медиҳад, ки робитаҳои ҳамкорӣ дар тамоми ИИАО бо истифода аз технологияҳои муосир густариш дода шаванд.
Онҳо барои корхонаҳо, аз ҷумла барои корхонаҳои хурду миёна шароити мусоид фароҳам меоранд, ки тавассути платформаи рақамӣ метавонанд дар бозори фурӯш шарикон пайдо кунанд. Ҳамин тариқ, платформа самаранокии саноати сабукро дар тамоми ИИАО ба таври назаррас афзоиш медиҳад, таъкид намуд Саркисян.