https://sputnik.tj/20231024/siloh-ukraina-kam-1060125140.html
Нигарониҳои Киев аз камбуди силоҳ
Нигарониҳои Киев аз камбуди силоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари шиддати авзоъ дар Шарқи Наздик масоили коҳиши таъмини аслиҳа барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба масоили доғ дар Киев табдил шудаст
2023-10-24T14:04+0500
2023-10-24T14:04+0500
2023-10-24T14:04+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
украина
амният ва мудофиа
аслиҳа
ғарб
мушак
дифоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5b2542b852bff199169ba37439cb8716.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тамоми ҷаҳон бо камбуди лавозимоти ҷангӣ рӯбарӯ аст ва Украина бояд онро худаш истеҳсол кунад. Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли сарвазири Украина Денис Шмигал хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳафтаҳои ахир мавзӯи коҳиши интиқоли силоҳ ба Киев бештар дар расонаҳо ва изҳороти мақомоти Украина, бахусус дар пасманзари авҷ гирифтани авзоъ дар Шарқи наздик матраҳ мешавад. Вазири саноати стратегии Украина Александр Камишин низ ахиран аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки сармоягузорӣ ба силоҳро афзоиш диҳанд. Вай гуфт, ки мақомоти Киев аз сифат ва миқдори силоҳҳои тавлиди Ғарб нигаронанд. Вазири украинӣ таъкид намуд, ки зарфияти корхонаҳои аврупоӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои Украина ба аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ кофӣ несту хостори афзоиши бештари силоҳ гардид. Дар зимн таҳлилгари низомӣ Игор Коротченко мутмин аст, ки "камшавӣ"-и ҷиддии таъминот ба Украина ва камбуди лавозимоти ҷангиро набояд интизор шуд. Гузашта аз ин, ба Украина навъҳои нави аслиҳа, аз ҷумла мушакҳои Taurus ва ATACMS таъмин хоҳанд шуд, изҳор дошт ӯ. Маскав пештар изҳор дошт, ки тавони кофии дифоъ ва нобудсозии аслиҳаи нави ғарбиро дошта, он ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ ҳеч таъсир надорад, танҳо низоъро шиддат мебахшад.
https://sputnik.tj/20231023/ukraina-qrim-donbass-bargardondan-1060109843.html
украина
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_084b85b88f752fb259d985c630fefde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш, нерӯ, таъмин, аслиҳа, украина, камбуд, шарқи наздик
коҳиш, нерӯ, таъмин, аслиҳа, украина, камбуд, шарқи наздик
Нигарониҳои Киев аз камбуди силоҳ
Дар пасманзари шиддати авзоъ дар Шарқи Наздик масоили коҳиши таъмини аслиҳа барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба масоили доғ дар Киев табдил шудаст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тамоми ҷаҳон бо камбуди лавозимоти ҷангӣ рӯбарӯ аст ва Украина бояд онро худаш истеҳсол кунад.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли сарвазири Украина Денис Шмигал хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳафтаҳои ахир мавзӯи коҳиши интиқоли силоҳ ба Киев бештар дар расонаҳо ва изҳороти мақомоти Украина, бахусус дар пасманзари авҷ гирифтани авзоъ дар Шарқи наздик матраҳ мешавад.
Вазири саноати стратегии Украина Александр Камишин низ ахиран аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки сармоягузорӣ ба силоҳро афзоиш диҳанд. Вай гуфт, ки мақомоти Киев аз сифат ва миқдори силоҳҳои тавлиди Ғарб нигаронанд.
Вазири украинӣ таъкид намуд, ки зарфияти корхонаҳои аврупоӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои Украина ба аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ кофӣ несту хостори афзоиши бештари силоҳ гардид.
Дар зимн таҳлилгари низомӣ Игор Коротченко мутмин аст, ки "камшавӣ"-и ҷиддии таъминот ба Украина ва камбуди лавозимоти ҷангиро набояд интизор шуд.
Гузашта аз ин, ба Украина навъҳои нави аслиҳа, аз ҷумла мушакҳои Taurus ва ATACMS таъмин хоҳанд шуд, изҳор дошт ӯ.
Маскав пештар изҳор дошт, ки тавони кофии дифоъ ва нобудсозии аслиҳаи нави ғарбиро дошта, он ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ ҳеч таъсир надорад, танҳо низоъро шиддат мебахшад.