https://sputnik.tj/20231024/osiyoi-markazi-hamkoriro-dar-masalahoi-amniyat-va-iqlim-idoma-medihad-1060120596.html
Осиёи Марказӣ ҳамкориро дар масъалаҳои амният ва иқлим идома медиҳад
Осиёи Марказӣ ҳамкориро дар масъалаҳои амният ва иқлим идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Люксембург нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд, ки дар паи он эъломияи муштарак ба тасвиб расид.
2023-10-24T13:01+0500
2023-10-24T13:01+0500
2023-10-24T13:01+0500
дар тоҷикистон
иа
ом
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262445_0:40:2048:1192_1920x0_80_0_0_d2e2485c6ddd8c6e48d04fa12a50ccfe.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ҳамин тавр, дар Люксембург ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои амният ва иқлим доир гардид. Аз ҷумла, вазирон сатҳи ҳамкориҳои кунунии минтақа ва дурнамои онро баррасӣ карданд. Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи “Харитаи роҳ” ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими кор дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, рақамисозӣ ва таҳкими марзҳоро пешбинӣ мекунад. Дар поёни мулоқот вазирон эъломияи муштарак қабул карданд. Қобили зикр аст, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои мухталиф мулоқотҳо доир намуда, мушкилоти кунунии иқлимро баррасӣ мекунанд ва роҳҳои ҳалли онҳоро муштаракан таҳия менамоянд.
https://sputnik.tj/20231011/osiyoi-markazi-mushkilot-iqlim-tavajjuh-1059906925.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262445_207:0:2024:1363_1920x0_80_0_0_8aeb5a6a5eed472e44db54c9b3385799.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ ҳамкорӣ масъала амният иқлим
осиёи марказӣ ҳамкорӣ масъала амният иқлим
Осиёи Марказӣ ҳамкориро дар масъалаҳои амният ва иқлим идома медиҳад
Дар Люксембург нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд, ки дар паи он эъломияи муштарак ба тасвиб расид.
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ кард.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тавр, дар Люксембург ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои амният ва иқлим доир гардид.
Аз ҷумла, вазирон сатҳи ҳамкориҳои кунунии минтақа ва дурнамои онро баррасӣ карданд.
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи “Харитаи роҳ” ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими кор дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, рақамисозӣ ва таҳкими марзҳоро пешбинӣ мекунад.
Дар поёни мулоқот вазирон эъломияи муштарак қабул карданд.
Қобили зикр аст, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои мухталиф мулоқотҳо доир намуда, мушкилоти кунунии иқлимро баррасӣ мекунанд ва роҳҳои ҳалли онҳоро муштаракан таҳия менамоянд.