Ҷудокорони тоҷик рӯзи аввали "Тоскулоҳи бузург"-ро бо шикаст оғоз карданд

Обуна шудан
Ҳар се ҷудокори тоҷик дар нахустин рӯзи мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam-2023" дучори шикаст шуда, аз идомаи мубориза канор монданд
Дар шаҳри Абу-Дабии Аморати муттаҳидаи Араб мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam-2023" оғоз шуд.
Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқа се ҷудокор: Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷебов дар вазнҳои 60 ва 66 кг муарифӣ намуданд.
Суфиев ва Ҷебов дар даври аввали мусобиқа аз ҳарифони худ шикаст хӯрда, Қувватов дар даври аввал ҳарифи худро бо роҳи буғӣ кардан мағлуб намуд ва ба даври дуюм роҳ ҳамвор кард.
Аз Сомон то Беҳрӯз: ҳафт паҳлавони тоҷик барои қувваозмоӣ ба Абузабӣ меравад
Вале ӯ дар даври дуюм ноком шуд ва ҳар се аз идомаи рақобат канор монданд.
Ин мусобиқа то 26 октябр идома меёбад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рӯзи 25 октябр ду ҷудокори дигар: Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков вориди майдони рақобат мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0