https://sputnik.tj/20231024/darguzasht-rafoat-abdusalomova-avvalin-nattoq-televizion-tojikiston-1060117014.html
Даргузашти Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон
Даргузашти Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мавсуф дар баробари телевизиони Тоҷикистон солиёни зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд
2023-10-24T09:44+0500
2023-10-24T09:44+0500
2023-10-24T09:59+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
наттоқи маъруф
баргузории ҷаноза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, ровии дараҷаи олӣ ва Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон аз олам даргузашт.Дар ин бора пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода гуфтанд, ки рӯзноманигор бомдоди рӯзи 24 окятбр аз олам рафт.Номбурда 84 сол дошт. Маросими видоъ бо марҳум соати 12:00-и имрӯз дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 8 сурат гирифта, ҷанозааш баъди намози зуҳр баргузор мегардад.Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.Санаи 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро нахустин маротиба ӯ ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли телевизиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.Ҳамчун рӯзноманигор дар таҳияи барномаҳои телевизионии "Дугонаҳо", "Гулдаста", "Ватан ва фарзандон", "Муҳаббат ва оила", "Гулдухтарон", "Дилафрӯз" ва ғайра, ки миёни тамошобинон маҳбубият доштанд, саҳм гузоштааст. Мавсуф солиёни зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.Дар замони бознишастагӣ ӯ ҳамзамон ду дастурамал "Телевизион — оинаи зиндагӣ" ва . "Наттоқ, чеҳраи телевизион"-ро аз таырибаҳояш барои насли нав навиштааст.
https://sputnik.tj/20231019/shodi-shabdolov-darguzasht-1060047719.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт рафоат абдусаломова наттоқ телевизион тоҷикистон
даргузашт рафоат абдусаломова наттоқ телевизион тоҷикистон
Даргузашти Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон
09:44 24.10.2023 (Навсозишуда: 09:59 24.10.2023) Мавсуф дар баробари телевизиони Тоҷикистон солиёни зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд
ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, ровии дараҷаи олӣ ва Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Дар ин бора пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода гуфтанд, ки рӯзноманигор бомдоди рӯзи 24 окятбр аз олам рафт.
Номбурда 84 сол дошт. Маросими видоъ бо марҳум соати 12:00-и имрӯз дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 8 сурат гирифта, ҷанозааш баъди намози зуҳр баргузор мегардад.
Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.
Санаи 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро нахустин маротиба ӯ ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд.
Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли телевизиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳамчун рӯзноманигор дар таҳияи барномаҳои телевизионии "Дугонаҳо", "Гулдаста", "Ватан ва фарзандон", "Муҳаббат ва оила", "Гулдухтарон", "Дилафрӯз" ва ғайра, ки миёни тамошобинон маҳбубият доштанд, саҳм гузоштааст.
Мавсуф солиёни зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Дар замони бознишастагӣ ӯ ҳамзамон ду дастурамал "Телевизион — оинаи зиндагӣ" ва . "Наттоқ, чеҳраи телевизион"-ро аз таырибаҳояш барои насли нав навиштааст.