Идомаи қатъи обрасонӣ дар Душанбе: кадом кӯчаҳо беоб мемонанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе ҳамоно аз қатъи обрасонӣ гузориш медиҳанд. Ин бор маҳдудият ба кӯчаву маҳаллаҳое дахл хоҳад кард, ки аз пойгоҳи "Кофарниҳон" об мегиранд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Маҳдудияти навбатии интиқоли об дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад.
Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбеводоканал" дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъи навбатии интиқоли об хабар медиҳад.
Мувофиқи нақша тайи як шабонарӯзи оянда боз обрасонӣ маҳдуд мешавад. Қатъи муваққатии таъминоти об ба чунин кӯчаю маҳалҳо дахл дорад, ки аз марбут ба пойгоҳи обкашии "Кофарниҳон" ҳастанд:
Ноҳияи Фирдавсӣ
- дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дустӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддин;
Кран-вода: человек моет руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Корхонаи "Обу корези Душанбе" аз сокинон хост, муносибат бо обро тағйир диҳанд
Ноҳияи Шоҳмансур,
- дар кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро - 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқи, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ;
Ҳамзамон аз бинои КВД "Роҳи оҳан" то бинои КВД Меҳмонхонаи "Душанбе" ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб.
Ҳамин тариқ дар ин суроғаҳо аз соати 23-00 рӯзи 23 то соати 24-00 рӯзи 24 октябри соли 2023 қатъ мегардад.об дода намешавад.
Маъмурияти шаҳрдорӣ аз аҳолӣ дархост кардааст, ки миқдори обро барои як шабонарӯз захира кунанд.
Дар паём гуфта шудааст, ки сабаби қатъ шудани обрасонии дарпешистода корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" мебошад.
Лентаи хабарҳо
0