Танҳо сеяки макотиби Суғд низоми гармидиҳӣ доранд: Омодагӣ ба сармо чӣ гуна аст?

© SputnikПроцесс отопления одной из школ города Худжанда
Процесс отопления одной из школ города Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Системаҳои ягонаи гармидиҳӣ, ки умдатан замони шӯравӣ дар макотиби Тоҷикистон фаъол буданд корношоям шуда, барои таҷдиди он мақомот маблағи кофӣ надоранд
ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Танҳо дар 350 муассиса аз шумори умумии беш аз 1200 макотиб ва кӯдакистонҳои Суғд системаи ягонаи гармидиҳӣ фаъол аст.
Ба иттилои Раёсати маорифи Суғд, таъмини гармии беш аз 850 муассисаи таълимӣ тавассути печҳои бухорӣ бо ҳезум ва ангишт сурат мегирад.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Сайфулло Раҳматов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо печҳои бухорӣ насб карда мешаванд.
Содироти ангишти Суғд ба Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2023
Суғд содироти ангиштро ба Ӯзбекистон афзоиш медиҳад
"То ҳол дар ҷамъи муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 17 ҳазор тон ангишт, беш аз 8 ҳазор метри мукааб ҳезум ва 6,6 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудаанд” – гуфт Раҳматов.
Системаҳои ягонаи гармидиҳӣ ё дегхонаҳои буғӣ, ки умдатан замони шӯравӣ дар макотиб фаъол буданд бо мурури вақт фарсудаву корношоям шудаанд. Сохтмон ва фаъолсозии дегхонаҳо маблағи калонро тақозо менамояд ва феълан ҳукуматҳои маҳаллӣ ин имконро надоранд.
Соли таҳсили 2023 – 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Суғд беш аз 572 ҳазор нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба шумор толибилм беш аз 40 ҳазор омӯзгор дарс мегуяд.
Лентаи хабарҳо
0