https://sputnik.tj/20231023/lavrov-ozim-tehron-1060107445.html
Лавров озими Теҳрон шуд
Лавров озими Теҳрон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Эрон дар пасманзари воқеаҳои ҷадид дар минтақаи Қафқоз ва шиддати низоъ миёни Фаластину Исроил анҷом меёбад 23.10.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-10-23T19:07+0500
2023-10-23T19:07+0500
2023-10-23T19:24+0500
дар русия
сергей лавров
вазир
кор
эрон
қафқоз
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_0:77:3365:1970_1920x0_80_0_0_274555abd500c8bdc34e884062787f5e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо мақсади иштирок дар нишасти "3+3" дар масоили Қафқози Ҷанубӣ вориди Теҳрон шуд, иттилоъ дод РИА "Новости". Ба иттилои манбаъ, ин шева иштироки Русия, Эрон, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия ва Гурҷистонро дар бар мегирад, аммо Тифлис хабар дод, ки дар ин ташаббус ширкат карданӣ нест.Нахустин нишасти ин формат дар моҳи декабри соли 2021 дар Маскав баргузор шуда буд, аммо на дар сатҳи вазирон, балки дар сатҳи муовинон амалӣ шуд. Он замон дар мулоқот ноибони вазирҳои корҳои хориҷаи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия ва мудири кулли вазорати хориҷаи Эрон иштирок доштанд. Музокирот дар Теҳрон дар пасманзари тағйироти сиёсӣ дар вазъияти минтақа сурат хоҳад гирифт. Аз ҷумлаи тағйироти ахир - Боку моҳи сентябр дар Қарабоғи Кӯҳӣ амалиёти низомӣ анҷом дод, ки дар натиҷа нерӯҳои арманӣ халъи силоҳ шуда, қарор ҳосил шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 тамоми ниҳодҳои идораи маҳаллӣ пароканда мешавад. Мулоқот дар Теҳрон аввалин имкони вазирони хориҷаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон барои баррасии таҳаввулоти ахир хоҳад буд.Илова бар ин, сафар ба Теҳрон дар пасманзари ташдиди низои Фаластину Исроил ва ҳарос аз густариш ва ҷалби нерӯҳои нав, аз ҷумла Эрон ба он сурат гирифта истодааст.
https://sputnik.tj/20231023/hizbulloh-shimol-jabhai-isroil-eron-hamla-1060098639.html
эрон
қафқоз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/05/1057562186_318:0:3047:2047_1920x0_80_0_0_cd17d0eae4a14c83da9eccc55945e2da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, сергей лавров, вазир, кор, эрон, қафқоз, мулоқот
дар русия, сергей лавров, вазир, кор, эрон, қафқоз, мулоқот
Лавров озими Теҳрон шуд
19:07 23.10.2023 (Навсозишуда: 19:24 23.10.2023) Сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Эрон дар пасманзари воқеаҳои ҷадид дар минтақаи Қафқоз ва шиддати низоъ миёни Фаластину Исроил анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо мақсади иштирок дар нишасти "3+3" дар масоили Қафқози Ҷанубӣ вориди Теҳрон шуд, иттилоъ дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, ин шева иштироки Русия, Эрон, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия ва Гурҷистонро дар бар мегирад, аммо Тифлис хабар дод, ки дар ин ташаббус ширкат карданӣ нест.
Нахустин нишасти ин формат дар моҳи декабри соли 2021 дар Маскав баргузор шуда буд, аммо на дар сатҳи вазирон, балки дар сатҳи муовинон амалӣ шуд. Он замон дар мулоқот ноибони вазирҳои корҳои хориҷаи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия ва мудири кулли вазорати хориҷаи Эрон иштирок доштанд.
Музокирот дар Теҳрон дар пасманзари тағйироти сиёсӣ дар вазъияти минтақа сурат хоҳад гирифт. Аз ҷумлаи тағйироти ахир - Боку моҳи сентябр дар Қарабоғи Кӯҳӣ амалиёти низомӣ анҷом дод, ки дар натиҷа нерӯҳои арманӣ халъи силоҳ шуда, қарор ҳосил шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 тамоми ниҳодҳои идораи маҳаллӣ пароканда мешавад.
Мулоқот дар Теҳрон аввалин имкони вазирони хориҷаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон барои баррасии таҳаввулоти ахир хоҳад буд.
Илова бар ин, сафар ба Теҳрон дар пасманзари ташдиди низои Фаластину Исроил ва ҳарос аз густариш ва ҷалби нерӯҳои нав, аз ҷумла Эрон ба он сурат гирифта истодааст.