Дар Тоҷикистон даҳҳо номгӯи китобҳои дарсӣ нашр мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевШкольная ярмарка в Душанбе
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар 9 моҳи соли равон 25 адад китоби дарсӣ бо теъдоди 2,2 млн нусха нашр кардааст
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад то охири соли ҷорӣ 68 номгӯи китобҳои нави дарсӣ нашр кунад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" бо такя ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар дод.
Манбаъ меафзояд, ҷамъан 2,9 млн нусха китоб нашр хоҳад шуд.
Зикр гардид, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 25 китоби дарсӣ бо теъдоди 2,2 млн нусха нашр шуд. Дар ҳоли ҳозир 30 номгӯи китоб бо теъдоди 1,3 млн нусха аз чоп баромада, 11 номгӯи дигар бо теъдоди 530 ҳазор нусха пурра ба чоп омода шудаанд.
Илова бар ин, 24 номгӯи китобҳои дарсӣ аз ҷониби комиссияҳои махсуси коршиносӣ баррасӣ шуда, пас аз гирифтани баҳои қонеъкунанда онҳо ба маблағи 880 ҳазор нусха нашр хоҳанд шуд.
Почти 800 книг получила сельская школа Вахдатского района Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Ба мактаббачагони Ваҳдат китобҳо бо забони русӣ тақдим шуд
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки нашриёти "Маориф" барои чопи 3 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии нашри 140 ҳазор нусха омодагӣ мегирад.
Вазорати маориф дар соли гузашта 183 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 4,9 млн адад, дар 9 моҳи соли равон ба мактабу литсейҳо ва сохторҳои таҳсилоти миёнаи шаҳрҳо 138 номгӯй, ҳамагӣ 3,9 млн адад китоби дарсӣ интиқол дода шуд.
Вазорати маориф ният дорад, ки дар ду соли оянда, яъне солҳои 2023 ва 2024 16 адад китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба забони русӣ, 16 номгӯй ба забони узбекӣ, 12 номгӯй ба қирғизӣ ва 4 адад ба забони туркманӣ нашр шавад.
Лентаи хабарҳо
0