Наимов дар мусобиқаи UFC Вудро мағлуб кард

© Foto / Акс аз шабакаи иҷтимоии Муҳаммад НаимовМухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств.
Мухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Обуна шудан
Аз Тоҷикистон ду размикор дар мусобиқаи навбатии UFC, ки дар Абу-Даби баргузор шуд, иштирок намуданд. Яке бохт ва дигаре бар ҳарифи худ дастболо шуд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов бо Натаниэл Вуд аз Бритониёи Кабир қувваозмоӣ кард.
Мубориза дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб дар доираи мусобиқаи UFC 294 баргузор шуд.
Ҷанговарон дар вазни сабук қувваозмоӣ карданд. Ҳамагӣ як дақиқа пас аз оғози вохӯрӣ размикори тоҷик ба ҳуҷуми пурзӯр гузашт.
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2023
Иштироки Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар UFC 294
Наимов аз парокандагии Вуд истифода бурда, назоратро пурра ба даст гирифт. Якуним дақиқа пеш аз бонги ниҳоии аввал размикори бритонӣ ба як ҳамлаи мувафақ даст ёфт, вале ба ҳар сурат Намов бартарии бештар дошт.
Дар даври дуввум варзишгарон назоратро баробар тақсим карданд.
Дар ниҳоят доварон якдилона ғалабаро ба Наимов доданд.
Дар ҳамин ҳол, размикори дигари тоҷик Муин Ғафуров аз Саид Нурмагомедов шикаст хӯрд. Ҳарифи русаш ӯро тариқи буғӣ кардан шикаст дод.
Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров моҳи майи соли ҷорӣ бо UFC шартнома имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0