https://sputnik.tj/20231021/nigaronii-general-nazarzoda-tahdidho-iqlim-1060076324.html
Нигаронии генерал Назарзода аз таҳдидҳои иқлимӣ
Нигаронии генерал Назарзода аз таҳдидҳои иқлимӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба обшавии пиряхҳо дар ҳудуди кишвар таваҷҷӯҳ кард, ва гуфт барои тамоми минтақа хатари ҷиддӣ дорад
2023-10-21T18:19+0500
2023-10-21T18:19+0500
2023-10-23T12:14+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рустам назарзода
тағйир
гармшавии иқлим
обшавии пиряхҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806373_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_6679e7494e99afc0928d6e47abc279da.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Таҳдидҳои афзояндаи иқлим дар саросари ҷаҳон боиси нигаронӣ гаридааст.Дар ин бора Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар доираи конфронси коҳиши офатҳои табиӣ, ки бо ибтикори КҲФ-и ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт."Тамоми ҷаҳон шоҳиди афзоиши якбораи ҳарорати ҳаво шудааст, ки дар тӯли тамоми таърихи мушоҳидаҳо ба сатҳи рекордӣ расидааст. Тибқи гузориши ахири Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Осиё аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ аз сатҳи миёна болотар аст", - гуфт ӯ.Дар конфронси Душанбе намояндагони вазорату идораҳои дахлдори 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.Раиси КҲФ Тоҷикистон қайд кард, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.Аз ҷумла сар задани ярч, сӯхтор ва обхезӣ ҳам ба мардум ва ҳам ба инфрасохтори кишвар таҳдид мекунад.Оқои Назарзода ҳамчунин ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кард, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад.
https://sputnik.tj/20231011/osiyoi-markazi-mushkilot-iqlim-tavajjuh-1059906925.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806373_74:0:1211:853_1920x0_80_0_0_a62565f518188c758bf859741631fe13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нагронӣ, кҳф, тағйири иқлим, обшавии пирях,минтақа, рустам назарзода
тоҷикистон, нагронӣ, кҳф, тағйири иқлим, обшавии пирях,минтақа, рустам назарзода
Нигаронии генерал Назарзода аз таҳдидҳои иқлимӣ
18:19 21.10.2023 (Навсозишуда: 12:14 23.10.2023) Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба обшавии пиряхҳо дар ҳудуди кишвар таваҷҷӯҳ кард, ва гуфт, ки ин омил барои тамоми минтақа хатари ҷиддӣ дорад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Таҳдидҳои афзояндаи иқлим дар саросари ҷаҳон боиси нигаронӣ гаридааст.
Дар ин бора Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар доираи конфронси коҳиши офатҳои табиӣ, ки бо ибтикори КҲФ-и ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт.
"Тамоми ҷаҳон шоҳиди афзоиши якбораи ҳарорати ҳаво шудааст, ки дар тӯли тамоми таърихи мушоҳидаҳо ба сатҳи рекордӣ расидааст. Тибқи гузориши ахири Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Осиё аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ аз сатҳи миёна болотар аст", - гуфт ӯ.
Дар конфронси Душанбе намояндагони вазорату идораҳои дахлдори 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Раиси КҲФ Тоҷикистон қайд кард, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷумла сар задани ярч, сӯхтор ва обхезӣ ҳам ба мардум ва ҳам ба инфрасохтори кишвар таҳдид мекунад.
Оқои Назарзода ҳамчунин ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кард, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад.