Бо ҷалби донишҷӯёни дар масири Душанбе-Панҷакент хатсайри нави сайёҳӣ фаъол шуд

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2023
Обуна шудан
Донишҷӯёни боистеъдоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар масири Душанбе-Панҷакент хатсайри нави сайёҳӣ пешниҳод карданд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Масъулини кафедраи сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо истифода аз иқтидори илмии кафедра бо ҷалби донишҷӯёни боистеъдод дар масири Душанбе-Панҷакент хатсайри нави сайёҳиро фаъол намуданд.
Дар ин бора сомонаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин тадбир дар доираи иҷрои чорабиниҳои амалисозии "Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон андешида шуд.
Ҳатто ахиран гурӯҳи устодону донишҷӯёни бахши сайёҳии донишгоҳ дар доираи хатсайри Душанбе-Панҷакент ба шаҳри бостонии Панҷакент сафари сайёҳӣ созмон дода, бо ёдгориҳои бостонии ин шаҳри куҳани Тоҷикистон, аз қабили Панҷакенти қадим, Саразм, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро ва Осорхонаи адабии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ шинос шуданд.
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Имзои 6 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо Ӯзбекистон, Туркия ва Русия
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори мақомот шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади хизматию истироҳатӣ ба Тоҷикистон омадаанд, 628 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод бештар аз 487 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамзамон тибқи омор дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли гузашта 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0