https://sputnik.tj/20231021/iftitohi-rohi-muminobod-ghesh-childukhtaron-1060077012.html
Ифтитоҳи роҳи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон
Ифтитоҳи роҳи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар зимни сафари кориаш ба Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳаммияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро ба истифода дод
2023-10-21T19:11+0500
2023-10-21T19:11+0500
2023-10-23T12:12+0500
дар тоҷикистон
роҳ
ифтитоҳ
эмомалӣ раҳмон
хатлон
ноҳияи муъминобод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043865260_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_7700727ec23e7a186e73f0901ef49a43.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор дод.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, масофаи роҳи сохташуда 12 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо харҷи 10 млн 400 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд.Қайд карда шудааст, ки роҳи мазкур ба категорияи 4-уми роҳдорӣ шомил мебошад.Роҳи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон барои пайваст шудани ноҳияҳои ҳаммарз бо ноҳияи Муъминобод мусоидат менамояд.Ин роҳ ноҳияи Муъминободро ба ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик мепайвандад ва барои гардиши сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам месозад.Дар ҳамин ҷо инчунин лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Чашмасор-Лангар, роҳҳои таворавии шаҳри Кӯлоб, сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Тугарак-Шамсиддин Шоҳин муаррифӣ гардид.Манбаъ таъкид намудааст, ки корҳои лоиҳакашии қитъаҳои роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар ва Тугарак-Шамсиддин Шоҳин пурра ба анҷом расонида шуда, дар баррасии экспертизаи давлатӣ қарор доранд.Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шинохта мешавад, сол аз сол инфрасохтори соҳаи нақлиёт беҳтар мешавад, ки ин тадбир ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20231021/iftitoh-korkhona-markazi-javonon-sardkhona-rahmon-muminobod-1060074116.html
ноҳияи муъминобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043865260_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_8c5ab0382b30744156dbe5914b9745ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, роҳ, ифтитоҳ, хатлон, муъминобод, роҳи мошингард
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, роҳ, ифтитоҳ, хатлон, муъминобод, роҳи мошингард
Ифтитоҳи роҳи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон
19:11 21.10.2023 (Навсозишуда: 12:12 23.10.2023) Раисҷумҳури кишвар зимни сафари кориаш ба Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, масофаи роҳи сохташуда 12 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо харҷи 10 млн 400 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки роҳи мазкур ба категорияи 4-уми роҳдорӣ шомил мебошад.
Роҳи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон барои пайваст шудани ноҳияҳои ҳаммарз бо ноҳияи Муъминобод мусоидат менамояд.
Ин роҳ ноҳияи Муъминободро ба ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик мепайвандад ва барои гардиши сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам месозад.
Дар ҳамин ҷо инчунин лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Чашмасор-Лангар, роҳҳои таворавии шаҳри Кӯлоб, сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Тугарак-Шамсиддин Шоҳин муаррифӣ гардид.
Манбаъ таъкид намудааст, ки корҳои лоиҳакашии қитъаҳои роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар ва Тугарак-Шамсиддин Шоҳин пурра ба анҷом расонида шуда, дар баррасии экспертизаи давлатӣ қарор доранд.
Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шинохта мешавад, сол аз сол инфрасохтори соҳаи нақлиёт беҳтар мешавад, ки ин тадбир ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.