Дар Ӯзбекистон падаре барои куштори се фарзандаш ҳукми абад гирифт

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Обуна шудан
Вай барои қасдан куштани ду ва ё зиёда шахсон бо бераҳмии махсус, ки дар ҳолати нотавонӣ қарор доштанд, айбдор гардида, умрбод равонаи зиндон шуд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Додгоҳи ҷиноии шаҳри Самарқанд як сокини маҳаллиро барои куштани се фарзандаш дар пайи муноқишаи телефонӣ бо ҳамсараш ба ҳабси абад маҳкум кард.
Дар ин бора намояндаи додгоҳ ба РИА "Новости" хабар додааст.
Моҳи июн Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дода буд, ки сокини 36-солаи Самарқанд дар пайи муноқишаи телефонӣ бо ҳамсараш, ки дар Исроил кор мекунад, се фарзанди ноболиғи худ - ду духтар ва як писарро бо корди хоҷагидорӣ куштааст.
Пас аз ин ҳодисаи мудҳиш, мард ҳамчунин қасди худкушӣ кардааст.
Богиня правосудия Фемида - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Эрон ба зодаи Тоҷикистон ҳукми қатл дод: Тафсилоти қазия
"Додгоҳ айбдоршавандаро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард", - гуфт сухангӯи додгоҳ.
Ба иттилои тафтишот, ҳангоми содир шудани ҷиноят шаҳрванд таҳти таъсири ягон маводи мухаддири ғайриқонунӣ қарор надошт.
"Занам гуфт, ки дигар бо ман будан намехоҳад. Вай гуфт, ки бо дигаре робита дорад. Духтари калониам дар оғӯши ман мурд. Инро дида тарсидам ва гиря кардам. Пас аз ин кордро гирифтаву бар худ задам ва аз ҳуш рафтам”, - гуфт муттаҳам.
Вай барои қасдан куштори ду ва ё зиёда шахсон бо бераҳмии махсус бо бандҳои "а, в, г"-и қисми 2 моддаи 97 (қасдан одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон гунаҳкор дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0