https://sputnik.tj/20231020/davat-maqomot-tojikiton-krasnoyarsk-hamkori-khatlon-1060068075.html
Даъвати мақомоти Тоҷикистон аз раҳбарияти минтақаи Красноярск барои ҳамкорӣ бо Хатлон
Даъвати мақомоти Тоҷикистон аз раҳбарияти минтақаи Красноярск барои ҳамкорӣ бо Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Русия гардиши савдои хориҷии минтақаи Красноярски Русия бо Тоҷикистон дар соли гузашта 40,7% афзуда буд
2023-10-20T19:01+0500
2023-10-20T19:01+0500
2023-10-20T19:01+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
равобит
русия
красноярск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059691497_0:53:470:317_1920x0_80_0_0_c8654adbcf8417d208d11a5871233c0e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рушди ҳамкорӣ ва густариши равобити иқтисодиро ахиран раиси вилоят Михаил Котюков ва консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск Наҷмиддин Имомзода баррасӣ карданд, иттилоъ додааст "НИА Красноярск".Ҷонибҳо самтҳои имконпазири ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаи афзоиши гардиши молӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд.Михаил Котюков таъкид кард, ки доираи хамкории вилоят ва Тоҷикистонро метавон васеътар кард. Аз ҷумла, соҳаи сайёҳӣ манфиати тарафайн аст. Минтақа дорои ҷойҳои зиёди табии мебошад.“Аз фурсат истифода бурда, шумо ва ҳамкорони шуморо ба иштирок дар Форуми солонаи XX Красноярск, ки моҳи апрели соли 2024 баргузор мегардад, даъват менамоям. Мо ба таҳкими робитаҳо ва тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор ҳастем", - гуфт Михаил Котюков.Дар ҳамин ҳол, Наҷмиддин Имомзода қайд кард, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо минтақа дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ ва истихроҷи маъдан, энергетика, саноати нафту газ аҳамияти хоса медиҳад.“Мо фаъолсозии ҳамкориҳои минтақаи Красноярск ва дигар минтақаҳои Русияро муҳим мешуморем. Аз чумла мехоҳем, ин минтақа бо вилояти Хатлон ҳамкории бештар дошта бошад. Мо пешниҳод менамоем, ки масъалаи ташкили комиссияҳои тиҷорӣ бо ҷалби намояндагони доираҳои тиҷоратии кишвари Красноярск баррасӣ шавад", - гуфт намояндаи Тоҷикистон.Вилояти Красноярск Тоҷикистонро бо чубу тахта, ангишт, дегхонахо, таҷхизот ва асбобҳои механикӣ таъмин менамояд.Аз Тоҷикистон ба минтақа маҳсулоти нассоҷӣ, меваҷот ва чормағз содирот карда мешавад.Дар бахши ҳамкории башарӣ ва илмию техникӣ ҳам хамкорӣ вусъат ёфтааст. Муносибатҳои шарикӣ байни донишгоҳҳои минтақа ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низ инкишоф ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20231020/vgik-rusiya-tojikiston-mutakhassis-kino-omoda-1060060347.html
русия
красноярск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059691497_0:23:493:393_1920x0_80_0_0_e6844fa0ab4d714b790daa6dde616a44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даъват, мақомот, русия, красноярск, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, даъват, мақомот, русия, красноярск, ҳамкорӣ, равобит
Даъвати мақомоти Тоҷикистон аз раҳбарияти минтақаи Красноярск барои ҳамкорӣ бо Хатлон
Ба иттилои мақомоти Русия гардиши савдои хориҷии минтақаи Красноярски Русия бо Тоҷикистон дар соли гузашта 40,7 фоиз афзуда буд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рушди ҳамкорӣ ва густариши равобити иқтисодиро ахиран раиси вилоят Михаил Котюков ва консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск Наҷмиддин Имомзода баррасӣ карданд, иттилоъ додааст "НИА Красноярск".
Ҷонибҳо самтҳои имконпазири ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаи афзоиши гардиши молӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд.
Михаил Котюков таъкид кард, ки доираи хамкории вилоят ва Тоҷикистонро метавон васеътар кард. Аз ҷумла, соҳаи сайёҳӣ манфиати тарафайн аст. Минтақа дорои ҷойҳои зиёди табии мебошад.
“Аз фурсат истифода бурда, шумо ва ҳамкорони шуморо ба иштирок дар Форуми солонаи XX Красноярск, ки моҳи апрели соли 2024 баргузор мегардад, даъват менамоям. Мо ба таҳкими робитаҳо ва тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор ҳастем", - гуфт Михаил Котюков.
Дар ҳамин ҳол, Наҷмиддин Имомзода қайд кард, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо минтақа дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ ва истихроҷи маъдан, энергетика, саноати нафту газ аҳамияти хоса медиҳад.
“Мо фаъолсозии ҳамкориҳои минтақаи Красноярск ва дигар минтақаҳои Русияро муҳим мешуморем. Аз чумла мехоҳем, ин минтақа бо вилояти Хатлон ҳамкории бештар дошта бошад. Мо пешниҳод менамоем, ки масъалаи ташкили комиссияҳои тиҷорӣ бо ҷалби намояндагони доираҳои тиҷоратии кишвари Красноярск баррасӣ шавад", - гуфт намояндаи Тоҷикистон.
Вилояти Красноярск Тоҷикистонро бо чубу тахта, ангишт, дегхонахо, таҷхизот ва асбобҳои механикӣ таъмин менамояд.
Аз Тоҷикистон ба минтақа маҳсулоти нассоҷӣ, меваҷот ва чормағз содирот карда мешавад.
Дар бахши ҳамкории башарӣ ва илмию техникӣ ҳам хамкорӣ вусъат ёфтааст. Муносибатҳои шарикӣ байни донишгоҳҳои минтақа ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низ инкишоф ёфтаанд.