https://sputnik.tj/20231020/afzoishi-narkhhoi-mahsuloti-ghizoi-iiao-1060059224.html
Афзоиши андаки нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Афзоиши андаки нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ки шохиси нархҳои истеъмолӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи сентябр 106,5% ташкил дод
2023-10-20T13:59+0500
2023-10-20T13:59+0500
2023-10-20T13:59+0500
русия
ииао
нарх
маҳсулот
маҳсулот
маҳсулоти ғизоӣ
болоравӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032508316_0:151:2907:1786_1920x0_80_0_0_a85d11302ddae2fe04f9706e24554efb.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шохиси нархҳои истеъмолӣ барои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳи сентябри соли 2023 дар муқоиса бо солона 106,5 фоизро ташкил дод, иттилоъ додааст департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Шохиси нархҳои истеъмолии мол ва хизматрасонӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи сентябри соли 2023 нисбат ба моҳи августи соли 2023 100,8%, дар моҳи декабри соли 2022 – 104,8% ва моҳи сентябри соли 2022 – 106,5%-ро ташкил дод.Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2022 нархи хизматрасониҳои пулакӣ дар саросари ИИАО (9,7%) ба таври назаррас афзоиш ёфт.Нархи махсулоти ғизоӣ дар ин давра 5,4%, махсулоти ғайриозуқа 5,3% афзуд.Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишварҳои ИИАО бештар дар Қазоқистон (11,4%) ва Қирғизистон (7,6%) ба қайд гирифта шудааст.Афзоиши бештари нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон (14,5%) ва Қазоқистон (12,1%), хизматрасонии пулакӣ дар Қазоқистон (11,9%) мушоҳида шудааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Комиссия иқтисодии АвруОсиё хабар дода буд, ки дар соли 2023 рушди суръати фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО пешбинӣ кардааст.Тибқи пешгӯиҳои вазоратҳои иқтисодии кишварҳои узви иттиҳод, суръати афзоиши ММД Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар охири соли 2023 ба 3% афзудааст.
https://sputnik.tj/20231019/afzoishi-tijorati-mol-va-khizmatrasoni-dar-kishvarhoi-iiao-1060037092.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032508316_161:0:2744:1937_1920x0_80_0_0_53ed0b3fe222f18e7b0b9f409c85367c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русит, қазоқистон, афзоиш, нарх, истеъмолӣ, авруосиё
ииао, русит, қазоқистон, афзоиш, нарх, истеъмолӣ, авруосиё
Афзоиши андаки нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст, ки шохиси нархҳои истеъмолӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар моҳи сентябр 106,5% ташкил дод
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шохиси нархҳои истеъмолӣ барои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳи сентябри соли 2023 дар муқоиса бо солона 106,5 фоизро ташкил дод, иттилоъ додааст департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Шохиси нархҳои истеъмолии мол ва хизматрасонӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи сентябри соли 2023 нисбат ба моҳи августи соли 2023 100,8%, дар моҳи декабри соли 2022 – 104,8% ва моҳи сентябри соли 2022 – 106,5%-ро ташкил дод.
Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2022 нархи хизматрасониҳои пулакӣ дар саросари ИИАО (9,7%) ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Нархи махсулоти ғизоӣ дар ин давра 5,4%, махсулоти ғайриозуқа 5,3% афзуд.
Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишварҳои ИИАО бештар дар Қазоқистон (11,4%) ва Қирғизистон (7,6%) ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши бештари нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон (14,5%) ва Қазоқистон (12,1%), хизматрасонии пулакӣ дар Қазоқистон (11,9%) мушоҳида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Комиссия иқтисодии АвруОсиё хабар дода буд, ки дар соли 2023 рушди суръати фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО пешбинӣ кардааст.
Тибқи пешгӯиҳои вазоратҳои иқтисодии кишварҳои узви иттиҳод, суръати афзоиши ММД Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар охири соли 2023 ба 3% афзудааст.