Бонувони эронӣ дар Душанбе қаҳрамон шуданд

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаИгра между женскими молодежными сборными по футболу Таджикистана и Ирана
Игра между женскими молодежными сборными по футболу Таджикистана и Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Мунтахаби бонувони Эрон то синни 14 сола дастаи миллии Тоҷикистонро дар бозии ниҳоӣ шикаст дода, дар пойтахти Тоҷикистон барандаи чемпионати CAFA, гардиданд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи охирини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ миёни мунтахабҳои духтаронаи то 14 сола ба анҷом расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар бозии ҳалкунанда, мунтахаби то 14 солаи Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили Тоҷикистон пирӯз шуда, қаҳрамони мусобиқа гардид.
Эрон тавонист, ки дар бозии аввал бо Қирғизистон (1:1) мусовӣ кунад ва дар бозии дуюм бар Ӯзбекистон (1:0) ғолиб шавад.
Женская национальная сборная Таджикистана не вошла в финальную часть кубка Азии-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Панҷ зина поин рафт: Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар раддабандии ФИФА
Ҳамин тавр, бо 2 ғалаба ва 1 мусовӣ мунтахаби то 14 солаи Эрон бо касби 7 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот маскан гирифт ва соҳиби ҷому нишонҳои заррини мусобиқа гардид.
Мунтахаби то 14 солаи Қирғизистон дар бозии даври охир бар Ӯзбекистон бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба карда, бо касби 5 имтиёз соҳиби нишонҳои нуқраи мусобиқот шуд.
Ӯзбекистон бо ягона ғалабааш бар Тоҷикистон (9:0) барандаи нишони биринҷии мусобиқа гардид.
Тоҷикистон бидуни гол ва бидуни натиҷаи назаррас дар зинаи охир маскан гирифта, ҳамчун мизбон бидуни натиҷаи назаррас мусобиқаро ба анҷом расонид.
Лентаи хабарҳо
0