Раҳмон бо Оштиёнӣ аз афзоиши таҳдидҳою зарурати ҳамкорӣ гуфт

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфта, аз ҳамкориҳо гуфт
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Таҳкими ҳамкориҳо дар бахши амният аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммадризо Оштиёнӣ буданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Оштиёниро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориҳоро таъкид карданд.
Визит министра обороны РФ С. Шойгу в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Амир Оштиёнӣ: Эрон ҳамвора аз тамомияти арзии Тоҷикистон ҳимоят мекунад
Аз ҷумла муқовимат бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зарур дониста шуд.
Ду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд, омадааст дар иттилоия.
Вазири дифои Эрон дар садри як ҳайати баландпояи низомии ҷумҳурии исломӣ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, қаблан бо ҳамтои тоҷикаш, Шералӣ Мирзо мулоқоту музокирот дошт.
Лентаи хабарҳо
0