Аз Афғонистон то Маскав: Содироти маҳсулоти "Арча-мебел"-и Суғд ба хориҷ

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдШиносоӣ​ бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии "Арча-мебел"​
Шиносоӣ​ бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии Арча-мебел​ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Обуна шудан
Ширкати суғдии "Арча-мебел" айни замон ба бозори кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия маҳсулот содирот мекунад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар айни замон ширкати "Арча-мебел" илова бар таъмини бозори дохилӣ​ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва шаҳри Москваи Русия низ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти худро ташкил кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои масъулини ин ширкат, тадриҷан​ ворид шудан ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур яке аз ҳадафҳои масъулини корхона мебошад.
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" бо фаъолияти​ корхонаи истеҳсолии "Арча-мебел" шинос гардид.
Қайд карда шудааст, ки бо ташаббуси роҳбарияти корхона​ ​ хати нав истеҳсолӣ ташкил гардида,​ номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда зиёд хоҳад шуд.​
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Истихроҷи беш аз 1 млн. тон ангишт дар вилояти Суғд
“Бо фаъол гардидани хати нав истеҳсоли 50 навъи мебел ба роҳ монда шуда, мебели дар ин корхона истеҳсолшаванда мустаҳкаму устувор ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Корхонаи муштараки "Арча-мебел" соли 2018 бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва турк таъсис дода шуда, дар он истеҳсоли мебелҳои гуногун ба роҳ монда шуда, имрӯз номгӯи мебелҳои истеҳсолшаванда ба 400 расидааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ширкат, ки тавонистааст дар бозори минтақа мавқеъ ёбад, баҳои баланд дод.
Лентаи хабарҳо
0