https://sputnik.tj/20231017/vazorat-farhang-kitobi-kholiqzoda-muallif-1059998166.html
Вазорати фарҳанг китоберо, ки муаллифаш ҳабс шуд, таҳлил кард
Вазорати фарҳанг китоберо, ки муаллифаш ҳабс шуд, таҳлил кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ваколатдори давлатӣ дар самти китобдорӣ ва фаъолияти ноширӣ китоби Абдухалил Холиқзодаро таҳлил карда, хулоса додаст
2023-10-17T18:59+0500
2023-10-17T18:59+0500
2023-10-17T18:59+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
китоб
муаррифӣ
боздошт
вазорат
хулосаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059539968_0:257:2730:1793_1920x0_80_0_0_015182c0de12b7332f1b8bb57af85f40.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" - и Абдухалил Холиқзода хилофи фарҳанги миллӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ мебошад, изҳор доштааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон. Вазорати фарҳанг бо нашри як иттилоия гуфтааст, ба ҳайси ниҳоди ваколатдор ва ҳифзкунандаи фарҳангу ахлоқ, таҳия ва паҳн намудани чунин маводҳоро мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ дониста, тарғиб ва паҳн намудани онҳоро қатъиян маҳкум месозад.Ин ниҳод ба сифати далел овардааст, ки дар саҳифаи 51-и китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" дар бобе бо номи "Гаште дар Хатлон" дар бораи мардуми вилояти Хатлон чунин изҳори назар кардааст: "Чунин ба назар меояд, ки мардуми ин диёр дар ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ бо қавмҳои ҳамсояашон (манзури муаллиф қавмҳои туркӣ аст, ки дар саҳифаҳои баъдӣ ишора мекунад) баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул ва ҷойгузини хусусиятҳои тоҷикӣ кардаанд. Нармгуфторӣ, дурӯягии тоҷикӣ, ки дар навиштаҳои гузаштагон яке аз хислатҳои накуҳидаи миллат ба қалам дода шуда буд, ба чобукӣ ва устуворӣ иваз шудааст".Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъкид намудаст, ки нармгуфторӣ дар фарҳанги халқи тоҷик хислати накуҳидаву бад нест, балки сифати ҳамидаву нек аст. Дигар ин, ки муаллиф хислати дурӯягиро, ки хислати бад аст, ба тамоми миллати тоҷик нисбат дода, таъбири "дурӯягии тоҷикӣ"-ро сохтааст, ки бо ин ибора на танҳо мардуми вилояти Хатлон, балки ҳамаи миллати тоҷикро таҳқир намуда, шаъни онро паст задааст, хулоса кардаст Вазорат. Холиқзода, ки мудири Беморхонаи иби Сино низ мебошад, дар пайи нашри китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" боздошт шуд. Мақомоти додситонӣ гуфт, муаллиф дар таҳқири миллат, тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам мешавад.
https://sputnik.tj/20230815/mudir-bemorkhona-sino-suporish-rahmon-bozdosht-1058833294.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/16/1059539968_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_7a43db879125149b9bed4ef34b317714.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати фарҳанг, муаллиф, китоб, абдухалил холиқзода
вазорати фарҳанг, муаллиф, китоб, абдухалил холиқзода
Вазорати фарҳанг китоберо, ки муаллифаш ҳабс шуд, таҳлил кард
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ваколатдори давлатӣ дар самти китобдорӣ ва фаъолияти ноширӣ китоби Абдухалил Холиқзодаро таҳлил карда, хулоса додаст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" - и Абдухалил Холиқзода хилофи фарҳанги миллӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ мебошад, изҳор доштааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Вазорати фарҳанг бо нашри як иттилоия гуфтааст, ба ҳайси ниҳоди ваколатдор ва ҳифзкунандаи фарҳангу ахлоқ, таҳия ва паҳн намудани чунин маводҳоро мухолиф ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ дониста, тарғиб ва паҳн намудани онҳоро қатъиян маҳкум месозад.
"Ҳамзамон, андешаҳои муғризона ва маҳалгароию пастзании сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бармало эҳсос мешавад, ки аз доираи инсофи нависанда ва чаҳорчуба ё хатти сурхи адаби нависандагӣ убур кардааст", - навиштааст Вазорати фарҳанг.
Ин ниҳод ба сифати далел овардааст, ки дар саҳифаи 51-и китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" дар бобе бо номи "Гаште дар Хатлон" дар бораи мардуми вилояти Хатлон чунин изҳори назар кардааст:
"Чунин ба назар меояд, ки мардуми ин диёр дар ҳамзистии дурудароз ва омехтагӣ бо қавмҳои ҳамсояашон (манзури муаллиф қавмҳои туркӣ аст, ки дар саҳифаҳои баъдӣ ишора мекунад) баъзе хусусиятҳои онҳоро қабул ва ҷойгузини хусусиятҳои тоҷикӣ кардаанд. Нармгуфторӣ, дурӯягии тоҷикӣ, ки дар навиштаҳои гузаштагон яке аз хислатҳои накуҳидаи миллат ба қалам дода шуда буд, ба чобукӣ ва устуворӣ иваз шудааст".
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъкид намудаст, ки нармгуфторӣ дар фарҳанги халқи тоҷик хислати накуҳидаву бад нест, балки сифати ҳамидаву нек аст.
Дигар ин, ки муаллиф хислати дурӯягиро, ки хислати бад аст, ба тамоми миллати тоҷик нисбат дода, таъбири "дурӯягии тоҷикӣ"-ро сохтааст, ки бо ин ибора на танҳо мардуми вилояти Хатлон, балки ҳамаи миллати тоҷикро таҳқир намуда, шаъни онро паст задааст, хулоса кардаст Вазорат.
Холиқзода, ки мудири Беморхонаи иби Сино низ мебошад, дар пайи нашри китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" боздошт шуд. Мақомоти додситонӣ гуфт, муаллиф дар таҳқири миллат, тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам мешавад.