Тасвирбаёни қатъи обрасонӣ дар маҳаллаҳои Душанбе

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки ба далели таъмири истгоҳҳои обтаъминкунӣ инқтиқоли об дар бисёре аз маҳаллаҳои пойтахт барои як муддат қатъ мегардад
Ба далели таъмиру тармими истгоҳи обтаъминкунии дар Душанбе обрасонӣ дар қисматҳои пойтахт мутаваққиф мегардад, ки тафсилоти он дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон оварда шудааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, мувофиқи нақша шаби 19 октябр обрасонӣ маҳдуд мешавад, ки то субҳи рӯзи дигар идома хоҳад дошт.
Қатъи таъминоти об ба чунин кӯчаю маҳалҳо дахл дорад дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе", КВД "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ", ҶДММ "Кохи Наврӯз" ва кӯчаи Варзишгарон ҷой хоҳад дошт.
"Обу корези Душанбе" хостори тағйири муносиботи сокинон бо об шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳдудият дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон хоҳад буд.
Дар ин робита шаҳрдорӣ аз сокинони пойтахт хостааст, ки ба миқдори зарурӣ обро захира кунанд.
Лентаи хабарҳо
0