https://sputnik.tj/20231017/elon-qat-obrasoni-dushanbe-kuchaho-1059992134.html
Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе: захира кунед
Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе: захира кунед
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе бинобар корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт нақша доранд, ки дар як қисмат маҳдудияти обрасонӣ ҷорӣ кунанд
2023-10-17T15:22+0500
2023-10-17T15:22+0500
2023-10-17T15:22+0500
дар тоҷикистон
душанбе
қатъи обрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102433/65/1024336539_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_2a6900a9c7822e448fd8d17780b156e3.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Маҳдудияти навбатии интиқоли об дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад. Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбеводоканал" дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъи навбатии интиқоли об хабар медиҳад. Мувофиқи нақша 19 октябр боз обрасонӣ маҳдуд мешавад. Қатъи муваққатии таъминоти об ба чунин кӯчаю маҳалҳо дахл дорад:Ноҳияи Сино- дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе", КВД "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ", ҶДММ "Кохи Наврӯз" ва кӯчаи Варзишгарон;Ноҳияи И.Сомонӣ, - дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ѓ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон.Ҳамин тариқ дар ин суроғаҳо аз соати 22-00 рӯзи 19 то соати 08-00 рӯзи 20 октябри соли 2023 об дода намешавад.Маъмурияти шаҳрдорӣ аз аҳолӣ дархост кардааст, ки миқдори обро барои як шабонарӯз захира кунанд. Дар паём гуфта шудааст, ки сабаби қатъ шудани обрасонии дарпешистода корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" мебошад. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи интиқоли об дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт иттилоъ пахш шуда буд.Раҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбеводоканал" ин хабарро рад карда, аз сокинони шаҳр хостанд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд, балки танҳо ба маълумоти расмии мақомот такя кунанд.
https://sputnik.tj/20230929/korkhonai-obu-korezi-dushanbe-az-sokinon-khost-munosibat-bo-obro-taghyir-dihand-1059696546.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102433/65/1024336539_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_1ce164e4515ca24717fac9221f3560d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълони қатъ обрасонӣ душанбе захира
эълони қатъ обрасонӣ душанбе захира
Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе: захира кунед
Дар шаҳри Душанбе бинобар корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт нақша доранд, ки дар як қисмат маҳдудияти обрасонӣ ҷорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Маҳдудияти навбатии интиқоли об дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад.
Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбеводоканал" дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъи навбатии интиқоли об хабар медиҳад.
Мувофиқи нақша 19 октябр боз обрасонӣ маҳдуд мешавад. Қатъи муваққатии таъминоти об ба чунин кӯчаю маҳалҳо дахл дорад:
- дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии "Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе", КВД "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ", ҶДММ "Кохи Наврӯз" ва кӯчаи Варзишгарон;
- дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ѓ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон.
Ҳамин тариқ дар ин суроғаҳо аз соати 22-00 рӯзи 19 то соати 08-00 рӯзи 20 октябри соли 2023 об дода намешавад.
Маъмурияти шаҳрдорӣ аз аҳолӣ дархост кардааст, ки миқдори обро барои як шабонарӯз захира кунанд.
Дар паём гуфта шудааст, ки сабаби қатъ шудани обрасонии дарпешистода корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" мебошад.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи интиқоли об дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт иттилоъ пахш шуда буд.
Раҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбеводоканал" ин хабарро рад карда, аз сокинони шаҳр хостанд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд, балки танҳо ба маълумоти расмии мақомот такя кунанд.