Путин: Амалиёти зидди ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи Украина комилан ноком шуд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Обуна шудан
Владимир Путин ахиран гуфт, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина дар амалиёти зидди ҳамлаӣ ба мавзеъҳои артиши Русия комилан ноком шудааст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо Павел Зарубин дар барномаи "Москва. Кремл. Путин" дар шабакаи телевизионии "Россия 1", гуфт, амалиёти зидди ҳамлаии артиши Украина комилан ноком шудаст.
Дар посух ба суол дар бораи вазъ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ, рӯзноманигор изҳороти Киевро дар бораи қатъ шудани ҳамлаи ҷавобӣ ёдовар шуд.
"Дар мавриди ҳамлаи ҷавобӣ, ки гӯё мутаваққиф шудааст, он комилан ноком шуд", - гуфт Путин.
Вай афзуд ӯ, дар баъзе самтҳои хати ҷабҳа ҷониби Украина амалиёти нави зидди ҳамлаиро омода мекунад.
"Мо инро мебинем, мо медонем. Ва мо низ ба он мувофиқан вокуниш нишон медиҳем", - гуфт президент.
Ба гуфтаи вай, он чизе, ки ҳоло дар тамоми хатти ҷабҳа рух медиҳад, "мудофиаи фаъол" номида мешавад.
“Сарбозони мо қариб дар ҳамаи ин фазо мавқеи худро беҳтар доранд. Ба хусус дар мавзеъҳои бузург", — таъкид кард ӯ ва кайд кард, ки ин ба самтҳои Купянск, Запорожие ва Авдеевск рабт дорад.
Боевая подготовка подразделений ВДВ на полигоне в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев гуфт, пирӯзии Русия дар амалиёти вижа ба ҷаҳон чӣ хоҳад дод
Вай инчунин ба Куввахои Мусаллах, роҳбарияти онхо ва пеш аз хама ба ҷанговарон дар хатти ҷабҳа барои мардонагӣ ва каҳрамонӣ миннатдорӣ баён кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта зимни суханронӣ дар ҷаласаи форуми байналмилалии "Валдай" Путин гуфта буд, ки аз оғози амалиёти зидди ҳамла, талафоти бебозгашти нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Талафоти техника — 557 танк ва кариб 1900 мошини зирехпуши гуногун. Русия оромона ба сӯи расидан ба ҳадафҳои худ дар амалиёти вижа ҳаракат мекунад, таъкид кард президент ва изҳори итминон кард, ки ҳама вазифаҳои дарпешистода иҷро хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0