Фарзандони паноҳҷӯёни афғон дар Душанбе забони русӣ меомӯзанд

© Фото : РоссотрудничествоМагистры русского языка прибыли в Таджикистан
Магистры русского языка прибыли в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Обуна шудан
Россотрудничество мегӯяд, дар мактаби "Сомониён"- и пойтахт дарсҳои наврасонро филологҳои рус мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Душанбе ба фарзандони паноҳҷӯёни афғон забони русиро омӯзониданд.
Дарсҳоро барои онҳо омӯзгорони рус дар мактаби Сомониён дар пойтахт мегузаронанд, хабар медиҳад Россотрудничество.
"Мо мехоҳем, хонандагони мо забони русиро ҳамчун забони модарии худ азхуд кунанд", - қайд кард директори литсей Ноҷия Зоҳир.
Ёдовар мешавем, ки филологҳои рус дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон ба дарс шурӯъ кардаанд.
Ҳамин тариқ, магистрону аспирантҳо дар чанд муассисаи таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат аз фанни забон ва адабиёти рус дарс ва лексияҳо мегузаронанд.
Магистры русского языка прибыли в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Магистрантҳои Русия дар Тоҷикистон забони русӣ таълим хоҳанд дод
Онҳо аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа ба Тоҷикистон рафтанд.
Гуфта мешавад, ки дар давоми як моҳ се нафар коршиноси забони русӣ дар мактабу донишгоҳҳо дарс мегузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0