https://sputnik.tj/20231015/bor-tojikiston-rusiya-ozodona-vorid-meshavad-1059959798.html
Бор аз Тоҷикистон ба Русия озодона ворид мешавад
Бор аз Тоҷикистон ба Русия озодона ворид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон марз надоранд, аз ин рӯ мол ҳамеша бо роҳи заминӣ тавассути қаламрави давлати дигар интиқол дода мешавад
2023-10-15T09:31+0500
2023-10-15T09:31+0500
2023-10-15T09:31+0500
дар тоҷикистон
русия
бор
тиҷорат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056661604_0:192:3297:2047_1920x0_80_0_0_8a8baa8e241a3694bea917eece638eda.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Кормандони гумруки Русия ҳамагӣ 1,3%-и борҳои Тоҷикистонро, ки ба Русия ворид мешаванд, тафтиш мекунанд ва ҳеҷ гуна таъхир вуҷуд надорад.Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси Хадамоти федеролии гумруки Русия Руслан Давидов хабар дод. Вай зикр кард, ки ба таъхир дар интиқоли коло метавонад кишварҳои дигари ИДМ, ки тавассути онҳо бор аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ворид мешавад, таъсир дошта бошад. Давидов ба мухбири ТАСС хотирнишон кард, ки Русия ва Тоҷикистон сарҳад надоранд, бинобар ин бор ҳамеша тавассути нақлиёти заминӣ аз қаламрави кишварҳои дигар мегузарад. Вай ҳамчунин зикр кард, ки масъалаи истифодаи мӯҳрҳои навигатсионӣ барои пайгирии борҳо бо ҳамкасбон дар идораи гумруки Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан соҳибкорони тоҷик аз он шикоят карда буданд, ки дар Русия мошинҳои борбарро аз Тоҷикистон муддати тӯлонӣ тафтиш мекунанд ва ба ин далел маҳсулоти кишоварзӣ вайрон шуда, ба фурӯшандагон зиён меорад.
https://sputnik.tj/20230809/saudi-rusiya-tojikiston-marokizi-logistik-1058720067.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056661604_293:0:3022:2047_1920x0_80_0_0_cc38da7fb50c53cc415fe120d16ebe5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон русия бор
Бор аз Тоҷикистон ба Русия озодона ворид мешавад
Русия ва Тоҷикистон марз надоранд, аз ин рӯ мол ҳамеша бо роҳи заминӣ тавассути қаламрави давлати дигар интиқол дода мешавад
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Кормандони гумруки Русия ҳамагӣ 1,3%-и борҳои Тоҷикистонро, ки ба Русия ворид мешаванд, тафтиш мекунанд ва ҳеҷ гуна таъхир вуҷуд надорад.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси Хадамоти федеролии гумруки Русия Руслан Давидов хабар дод.
Вай зикр кард, ки ба таъхир дар интиқоли коло метавонад кишварҳои дигари ИДМ, ки тавассути онҳо бор аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ворид мешавад, таъсир дошта бошад.
Давидов ба мухбири ТАСС хотирнишон кард, ки Русия ва Тоҷикистон сарҳад надоранд, бинобар ин бор ҳамеша тавассути нақлиёти заминӣ аз қаламрави кишварҳои дигар мегузарад.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки масъалаи истифодаи мӯҳрҳои навигатсионӣ барои пайгирии борҳо бо ҳамкасбон дар идораи гумруки Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
"Истифодаи мӯҳрҳои навигатсионӣ имкон медиҳад, ки агар бор зери мӯҳр ҳаракат кунад, бо ҳамкорон, пеш аз ҳама бо Қазоқистон гуфтушунид кунад, то ин бор кушода нашавад", - гуфт Давидов.
Ёдовар мешавем, ки қаблан соҳибкорони тоҷик аз он шикоят карда буданд, ки дар Русия мошинҳои борбарро аз Тоҷикистон муддати тӯлонӣ тафтиш мекунанд ва ба ин далел маҳсулоти кишоварзӣ вайрон шуда, ба фурӯшандагон зиён меорад.