Тоҷикистон ба маблағи қариб 44 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кард

© Foto / Пресс-служба президента Республики ТаджикистанУкрашенная фруктами правительственная резиденция в Душанбе по случаю встречи лидеров ШОС
Украшенная фруктами правительственная резиденция в Душанбе по случаю встречи лидеров ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа эълон дошт, ки ҷамъоварии маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар 8% зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 44 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 8% ё 3,2 млрд сомонӣ зиёд аст.
Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Вазорати кишоварзӣ, таҳти раёсати вазир Қурбон Ҳакимзода баён шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ҳудуди 33,4 млрд сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ беш аз 10,4 млрд сомониро ташкил додаааст.
Сбор овощей в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Ҷамъоварии картошка дар Деваштич идома дорад
Тавлиди маҳсулоти растанипарварӣ дар ин муддат қариб 9% ва маҳсулоти чорвопарварӣ 5% афзоиш ёфтааст.
"Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ қариби 56% ва аҳолӣ зиёда аз 44%-ро ташкил додаст", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати кишоварзӣ афзуд, ки ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли меваҷот, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 42%, полизӣ 21%, сабзавот 11% мусоидат намудааст.
Дар ҷаласа масъулин барои ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, ҷамъоварии беталафи зироатҳои кишоварзӣ муваззаф шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0