https://sputnik.tj/20231013/tojikiston-bonki-jahoni-khba-islohot-hukumat-barrasi-1059940018.html
Мақомоти Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА ислоҳотҳои калидии ҳукуматро баррасӣ карданд
Мақомоти Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА ислоҳотҳои калидии ҳукуматро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Аъзои ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ масоили ислоҳотҳои калидии Ҳукумати Тоҷикистонро, баррасӣ кард
2023-10-13T16:28+0500
2023-10-13T16:28+0500
2023-10-13T16:28+0500
дар тоҷикистон
бонки ҷаҳонӣ
хба
ислоҳот
ҳукумат
баррасӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048329094_0:147:3118:1901_1920x0_80_0_0_b60accac46ae196653c4b19f1f17fbe1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар ҳошияи ҷаласаҳои мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ дидору мулоқот кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ҷонибҳо зимни суҳбатҳои ҷолиб ва судманд вазъи иқтисодии кишварро баррасӣ намуданд.Аз ҷумла тарафҳо масъалаҳои сармоягузорӣ, бахусус ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт андешаҳои худро баён ва оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои мавриди назар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.“Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯриҳо тарафҳо ислоҳотҳои калидии Ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.Бонки миллӣ ёдовар шудааст, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки 9 октябр оғоз ёфта, то 15 октябри соли 2023 идома меёбанд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ба шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш сафар намуданд.
https://sputnik.tj/20230921/bonki-milli-sughurta-takafful-ijozatnomai-be-muhlat-1059513914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048329094_195:0:2924:2047_1920x0_80_0_0_b1babeca6aab24d617e33de6c0a792d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, бонки ҷаҳонӣ, хба, ҳукумат, масоили ислоҳот, ҳукумат
тоҷикистон, мақомот, бонки ҷаҳонӣ, хба, ҳукумат, масоили ислоҳот, ҳукумат
Мақомоти Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА ислоҳотҳои калидии ҳукуматро баррасӣ карданд
Аъзои ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ масоили ислоҳотҳои калидии Ҳукумати Тоҷикистонро, баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар ҳошияи ҷаласаҳои мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки ҷонибҳо зимни суҳбатҳои ҷолиб ва судманд вазъи иқтисодии кишварро баррасӣ намуданд.
Аз ҷумла тарафҳо масъалаҳои сармоягузорӣ, бахусус ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт андешаҳои худро баён ва оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои мавриди назар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
“Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯриҳо тарафҳо ислоҳотҳои калидии Ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Бонки миллӣ ёдовар шудааст, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки 9 октябр оғоз ёфта, то 15 октябри соли 2023 идома меёбанд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ба шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш сафар намуданд.