https://sputnik.tj/20231013/dushanbe-tavaqqufgoh-muzdnok-tashkil-1059933218.html
"Душанбе сити" таваққуфгоҳи муздноку низоми худкори сабти қонуншиканӣ дар роҳ месозад
"Душанбе сити" таваққуфгоҳи муздноку низоми худкори сабти қонуншиканӣ дар роҳ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Консорсиуми сармоягузорон дар Тоҷикистон таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳо месозад
2023-10-13T11:52+0500
2023-10-13T11:52+0500
2023-10-13T11:53+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
музд
нукта
барқ
таваққуф
таваққуфгоҳи мошин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/29/1013902920_0:62:1601:962_1920x0_80_0_0_82bac24344a1d916ce2702a4d94405f6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон бо консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет солюшенс" ва ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" созишномаи сармоягузорӣ бастааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод. Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар доираи созишномаи мазкур ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон дар назар аст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳаҷми маблағгузории тарҳро 10 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ кардааст. Бо пурра амалӣ гардидани лоиҳа 100%-и кормандон аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ таъмин карда мешаванд.Таъкид шудаст, ки созишномаро аз ҷониби ҳукумат, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи даватӣ, Саъдӣ Қодирзода ва мудири "Нет Солюшенс" Бахтовар Абдусатторов ба имзо расондаанд. Ба иттилои манбаъ, дар заминаи ташаккули таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар кишвар татбиқ мегардад.
https://sputnik.tj/20231011/rusiya-tojikiston-istgohh-barqdihanda-tavlid-1059897336.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/29/1013902920_118:0:1481:1022_1920x0_80_0_0_357cd76220864e109678a26e03ba91b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таваққуфгоҳ, пулакӣ, пайдо
тоҷикистон, таваққуфгоҳ, пулакӣ, пайдо
"Душанбе сити" таваққуфгоҳи муздноку низоми худкори сабти қонуншиканӣ дар роҳ месозад
11:52 13.10.2023 (Навсозишуда: 11:53 13.10.2023) Консорсиуми сармоягузорон дар Тоҷикистон таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳо месозад
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон бо консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет солюшенс" ва ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" созишномаи сармоягузорӣ бастааст.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар доираи созишномаи мазкур ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон дар назар аст.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳаҷми маблағгузории тарҳро 10 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ кардааст.
Бо пурра амалӣ гардидани лоиҳа 100%-и кормандон аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ таъмин карда мешаванд.
Таъкид шудаст, ки созишномаро аз ҷониби ҳукумат, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи даватӣ, Саъдӣ Қодирзода ва мудири "Нет Солюшенс" Бахтовар Абдусатторов ба имзо расондаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар заминаи ташаккули таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар кишвар татбиқ мегардад.