https://sputnik.tj/20231012/pashinyan-bishkek-aliev-sulh-1059914459.html
Пашинян ба Бишкек нарафт: Алиев мегӯяд, ӯ сулҳ намехоҳад
Пашинян ба Бишкек нарафт: Алиев мегӯяд, ӯ сулҳ намехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор мерафт, дар Бишкек музокироти Арманистону Озарбойҷон сурат мегирифт, вале сарвазири Арманистон аз иштирок дар ин нишаст худдорӣ кард
2023-10-12T12:16+0500
2023-10-12T12:16+0500
2023-10-12T12:16+0500
дар ҷаҳон
озарбойҷон
арманистон
сиёсат
илҳом алиев
никол пашинян
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044678867_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_a80a7e3d47ad9545699086d84bb65e5d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар нишасти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек ҳузур надоштани сарвазири Арманистон Никол Пашинянро шарҳ дод.Ба боварии Алиев ҷониби Арманистон сулҳ намехоҳад.Интизор мерафт, ки дар Бишкек Алҳом Алиев ва Никол Пашинян вохӯрда мушкилоте, ки миёни ин ду кишвар сар задааст, ҳаллу фасл куннад.Вале чун Пашинян аз рафтан ба Бишкек ва иштирок кардан дар нишасти сарони ИДМ худдорӣ кард, масъалаи Арманистону Озарбойҷонро Алиев бо кишвардори Русия Владимир Путин баррасӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки дар Қирғизистон нишасти сарони кишварҳои ИДМ сурат мегирад.Суҳбати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ бо Владимир Путин дар назар аст. Тибқи маълумотҳо роҳбарони Русияву Тоҷикистон рӯзи 13 октябр мулоқот мекунанд ва масъалаи вазъи Афғонистон ва ҳамчунин фаъолияти пойгоҳи 201 дар ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20231012/putin-nishast-saron-idm-bishkek-1059913376.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044678867_124:0:2855:2048_1920x0_80_0_0_1ef5d68e774c9990fd8a34b97b83a2d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пашинян алиев бишкек
Пашинян ба Бишкек нарафт: Алиев мегӯяд, ӯ сулҳ намехоҳад
Интизор мерафт, дар Бишкек музокироти Арманистону Озарбойҷон сурат мегирифт, вале сарвазири Арманистон аз иштирок дар ин нишаст худдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар нишасти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек ҳузур надоштани сарвазири Арманистон Никол Пашинянро шарҳ дод.
Ба боварии Алиев ҷониби Арманистон сулҳ намехоҳад.
"Агар Арманистон сулҳро мехост ин фурсатро аз даст намедод. Сарвазири Арманистон 6 соат ба Гранада барои як нишасти нофаҳмо парвоз мекунад ва он дар он ҷо масъалаи Озарбойҷонро бидуни иштироки Озарбойҷон баррасӣ мекунад, вале ҳамагӣ 2-3 соат фурсат барои парвоз кардан ба Бишкекро гуё ба далели кори муҳим доштан, пайдо накард", - бо як тундӣ изҳор дошт Алиев.
Интизор мерафт, ки дар Бишкек Алҳом Алиев ва Никол Пашинян вохӯрда мушкилоте, ки миёни ин ду кишвар сар задааст, ҳаллу фасл куннад.
Вале чун Пашинян аз рафтан ба Бишкек ва иштирок кардан дар нишасти сарони ИДМ худдорӣ кард, масъалаи Арманистону Озарбойҷонро Алиев бо кишвардори Русия Владимир Путин баррасӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Қирғизистон нишасти сарони кишварҳои ИДМ сурат мегирад.
Суҳбати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ бо Владимир Путин дар назар аст. Тибқи маълумотҳо роҳбарони Русияву Тоҷикистон рӯзи 13 октябр мулоқот мекунанд ва масъалаи вазъи Афғонистон ва ҳамчунин фаъолияти пойгоҳи 201 дар ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.