https://sputnik.tj/20231012/kumak-nizomi-amriko-ukraina-1059913917.html
Кохи сафед: кумаки низомии Амрико ба Украина беохир нахоҳад буд
Кохи сафед: кумаки низомии Амрико ба Украина беохир нахоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Кохи сафед изҳор дошт, ки ИМА имкони пуштибонӣ аз Украина ва Исроилро як муддати кӯтоҳмуддат дорад, аммо мушаххасан нагуфт, ки ин муҳлат чӣ қадар аст
2023-10-12T11:49+0500
2023-10-12T11:49+0500
2023-10-12T11:49+0500
дар ҷаҳон
амрико
украина
кӯмак
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048693158_0:297:2854:1902_1920x0_80_0_0_2aa100a24ab4e6e08f4548b6724c9b15.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ба Украина ба муддати номуайян кумаки низомӣ нахоҳад расонд, изҳор доштааст Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози мухобироти стратегии Кохи сафед дар нишасти хабарӣ, иттилоъ медиҳад "РИА Новости".Ба гуфтаи ӯ, Амрико имкони пуштибонӣ аз Украина ва Исроилро як муддати кӯтоҳмуддат дорад, аммо ӯ мушаххасан нагуфт, ки ин муддат чӣ қадар тӯл мекашад.Бисёр чиз ба он вобаста аст, ки артиши Исроил лавозимоти ҳарбиро то чӣ андоза сараманок истифода мебарад ва комплекси ҳарбию саноатии мамлакат онро то чӣ андоза истеҳсол карда метавонад.Ёдовар мешавем, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.Ҳамос иддао кард, ки садҳо сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.
https://sputnik.tj/20231011/artish-isroil-khona-farmondeh-hamos-hamla-1059899091.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048693158_468:279:2632:1902_1920x0_80_0_0_62f7dca75b0b4c4fef7e96720f599941.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико украина кумак кохи сафед
амрико украина кумак кохи сафед
Кохи сафед: кумаки низомии Амрико ба Украина беохир нахоҳад буд
Намояндаи Кохи сафед изҳор дошт, ки ИМА имкони пуштибонӣ аз Украина ва Исроилро як муддати кӯтоҳмуддат дорад, аммо мушаххасан нагуфт, ки ин муҳлат чӣ қадар аст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ба Украина ба муддати номуайян кумаки низомӣ нахоҳад расонд, изҳор доштааст Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози мухобироти стратегии Кохи сафед дар нишасти хабарӣ, иттилоъ медиҳад "РИА Новости".
"Мо ихтисос додани 200 млн эълон кардем ва ба қадри имкон кумак хоҳем кард, аммо кумак беохир нахоҳад буд", - гуфт Кирби.
Ба гуфтаи ӯ, Амрико имкони пуштибонӣ аз Украина ва Исроилро як муддати кӯтоҳмуддат дорад, аммо ӯ мушаххасан нагуфт, ки ин муддат чӣ қадар тӯл мекашад.
Бисёр чиз ба он вобаста аст, ки артиши Исроил лавозимоти ҳарбиро то чӣ андоза сараманок истифода мебарад ва комплекси ҳарбию саноатии мамлакат онро то чӣ андоза истеҳсол карда метавонад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.
Ҳамос иддао кард, ки садҳо сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.