https://sputnik.tj/20231012/dodsitonii-kull-markaz-milli-testi-taftish-1059918866.html
Додситонии кулл Маркази миллии тестиро тафтиш кард: чаро
Додситонии кулл Маркази миллии тестиро тафтиш кард: чаро
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафти имтиҳонҳоро дар маъракаи дохилшавӣ дар соли 2023 тафтиш намуда, натиҷаи санҷишро нашр карданд
2023-10-12T15:52+0500
2023-10-12T15:52+0500
2023-10-12T15:52+0500
дар тоҷикистон
маориф
додситонии кулл
ммт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091954_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_c5d2c40e8e2cccccdb48c2afd0724eb9.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳангоми имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2023 риояи қонунгузорӣ санҷиш гузаронида шуд. Дар ин бора зимни ҷаласае, ки дар Маркази миллии тестии назди президенти кишвар баргузор шуд, иттилоъ дод. Дар ҷаласа намояндаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонони Додситонии кулли Тоҷикистон ширкат дошт. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар маъракаи қабули соли ҷорӣ риоя ва иҷрои талаботи тартиби имтиҳонҳоро санҷиданд.Ба масъалаҳои додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои гуногуни довталабон, ҷамъбасти тақсими довталабон ба коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, инчунин тартиби пешниҳод кардан ва баррасии аризаҳои шикоятӣ диққати махсус дода шуд.Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки ягон ҳуқуқвайронкуни ба қайд гирифта нашудааст ва фаъолияти марказ тибқи қонунгузорӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.Дар ҳамин ҳол, роҳбарият ба як қатор камбудиҳо, бахусус, нокифоя будани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ байни довталабон ва волидони онҳо, хатогиҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои алоҳида қайд карда шуд.
https://sputnik.tj/20230918/tojikiston-davr-seum-imtihonho-dokhilshav-barguzor-1059444666.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091954_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_afd97a411a61b14342fc9a5d8d2e9854.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ммт додситонии кулл тафтиш
ммт додситонии кулл тафтиш
Додситонии кулл Маркази миллии тестиро тафтиш кард: чаро
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафти имтиҳонҳоро дар маъракаи дохилшавӣ дар соли 2023 тафтиш намуда, натиҷаи санҷишро нашр карданд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳангоми имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2023 риояи қонунгузорӣ санҷиш гузаронида шуд.
Дар ин бора зимни ҷаласае, ки дар Маркази миллии тестии назди президенти кишвар баргузор шуд, иттилоъ дод.
Дар ҷаласа намояндаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонони Додситонии кулли Тоҷикистон ширкат дошт. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар маъракаи қабули соли ҷорӣ риоя ва иҷрои талаботи тартиби имтиҳонҳоро санҷиданд.
Ба масъалаҳои додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои гуногуни довталабон, ҷамъбасти тақсими довталабон ба коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, инчунин тартиби пешниҳод кардан ва баррасии аризаҳои шикоятӣ диққати махсус дода шуд.
Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки ягон ҳуқуқвайронкуни ба қайд гирифта нашудааст ва фаъолияти марказ тибқи қонунгузорӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарият ба як қатор камбудиҳо, бахусус, нокифоя будани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ байни довталабон ва волидони онҳо, хатогиҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои алоҳида қайд карда шуд.