https://sputnik.tj/20231012/bakhshi-khususi-maqomot-dushanbe-sodagardoni-rasmiyot-savdo-1059917929.html
Бахши хусусӣ ва мақомот дар Душанбе содагардонии расмиёти савдоро баррасӣ карданд
Бахши хусусӣ ва мақомот дар Душанбе содагардонии расмиёти савдоро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар мавзуи содагардонии расмиёти савдо муколамаи озод сурат гирифт
2023-10-12T14:59+0500
2023-10-12T14:59+0500
2023-10-12T14:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
савдо
соддагардонӣ
тиҷорат
соҳибкор
бахши хусусӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0c/1059917733_8:0:1411:789_1920x0_80_0_0_71d154a088c501cb9c8a9d85958b5b3d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ахиран дар пойтахт ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз дар бораи содагардонии расмиёти савдо бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба мониторинги татбиқи супоришҳои қаблӣ, мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, мутобиқ намудани Номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон ба тафсири 7-уми Низоми ҳамоҳангсозии таснифот ва рамзгузории молҳо ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Оқои Нуриддинзода дар ин ҷаласа қайд намудааст, ки дар самтҳои қайдгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз дар бораи содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.Зикр гардидааст, ки дар ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.Ҳамзамон қайд гардидааст, ки дар ин ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз дар бораи содагардонии расмиёти савдо вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иқдомҳои минбаъда ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол карда шуд.
https://sputnik.tj/20230512/iqtisod-farhang-tandurust-rasulzoda-oripov-toshkand-1057079717.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0c/1059917733_183:0:1235:789_1920x0_80_0_0_eba517caa6c1ce5f89109bf6809d7d1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, вазорати рушди иқтисод, одагардонии расмиёти савдо, баррасӣ
тоҷикистон, иқтисод, вазорати рушди иқтисод, одагардонии расмиёти савдо, баррасӣ
Бахши хусусӣ ва мақомот дар Душанбе содагардонии расмиёти савдоро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Душанбе байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар мавзуи содагардонии расмиёти савдо муколамаи озод сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ахиран дар пойтахт ҷаласаи 17-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз дар бораи содагардонии расмиёти савдо бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба мониторинги татбиқи супоришҳои қаблӣ, мушкилоти соҳаи нассоҷӣ, мутобиқ намудани Номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон ба тафсири 7-уми Низоми ҳамоҳангсозии таснифот ва рамзгузории молҳо ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Оқои Нуриддинзода дар ин ҷаласа қайд намудааст, ки дар самтҳои қайдгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз дар бораи содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.
Зикр гардидааст, ки дар ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон қайд гардидааст, ки дар ин ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз дар бораи содагардонии расмиёти савдо вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иқдомҳои минбаъда ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол карда шуд.